Бояд эътироф кард, ки авиатсия яке аз бахшҳои муҳимтарини хоҷагии халқи кишварамон ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши авиатсияи миллиро пайваста таъкид намуда, ҷиҳати рушду такмили ҳамаҷонибаи он назди кормандони соҳа вазифагузорӣ менамояд.
Хурсандиовар аст, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар миёни муассисаҳои авиатсионии кишвар мақоми пешбарро соҳиб буда, имрўз дар рушду пешрафти иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад. Имсол мо дар баробари таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат, 94 – солагии Рўзи авиатсияи граждании Тоҷикистонро низ ҷашн мегирем. Роҳе, ки авиатсияи граждании кишвар дар ин муддат тай кардааст, мушкил, вале пурифтихор аст.
Қайд кардан лозим аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе барои мусоидат ба татбиқи барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии мусофирон тайи чанд соли охир инфрасохтори фурудгоҳ пайваста такмил дода мешавад, чунончӣ, дар ин давра терминали нави мусофиркашонӣ бо иқтидори 500 мусофир/соат сохта, ба истифода дода шуд.
Айни замон фурудгоҳ дорои ду терминали мусофиркашӣ, хатти муосири парвозу фуруд бо фарши сунъӣ, 6 перрон барои исти ҳавопаймоҳои гуногунтамға, аз ҷумла, ҳавопаймоҳои мусофиркаши намудҳои «Боинг» ва «Эйрбас», ИЛ – 96, ИЛ – 86, ИЛ – 76, инчунин ҳавопаймоҳои намудҳои АН – 124 «Руслан», АН – 225 «Мрия» ва дигар ҳавопаймоҳои калонҳаҷми боркаш мебошад. Вуруди мусофирон ба ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тибқи талаботи стандартҳои байналхалқии амниятӣ, яъне тавассути таҷҳизоту воситаҳои муоина, детекторҳои оҳанҷӯ, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ, дарҳои чархзананда ва ғайра сурат мегирад.
Дастоварди дигари фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали боркашонии замонавӣ мебошад, ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати Япония дар доираи лоиҳаи “Беҳтарсозии инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”сурат гирифт. Мавридан бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи мазкур инчунин системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳои терминали боркашонӣ низ харидорӣ ва насб карда шуданд.
Терминали мазкур рўзи 25 июни соли ҷорӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ба истифода супорида шуд.
Сохтмони терминали боркашонӣ, таҷдиди инфраструктураи фурудгоҳи Душанбе ва амалисозии дигар вазифаҳои стратегии ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» ба рушди тамоми иқтисодиёти кишвар таъсири калон мерасонад. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷолибияти сармоягузорӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ бештар шуда, лоиҳаҳои азими минтақавии автомобилӣ ва роҳи оҳан дастгирӣ карда шаванд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд, рушди инфрасохтори нақлиёт, бизнеси хурду миёна таъмин гардида, ҳиссаи ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоӣ дар бозори ҷаҳонӣ зиёд карда шавад.
Ҳамчунин бо сохта шудани чунин як терминали сатҳи ҷаҳонӣ иқтидори боркашонии фурудгоҳи Душанбе ба маротиб афзуда, барои ба бозори дохилӣ ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор, афзудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди шабакаи васеи рейсҳои транзитӣ заминаи хуб фароҳам меояд.
Роҳбарияти фурудгоҳ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои рўизаминии хавопаймоҳо ба мустаҳкам кардани заминаи моддӣ – техникии муассиса диққати доимӣ медиҳад. Дар давраи охир беш аз 95 фоизи парки автомобилии фурудгоҳ нав карда шуд, як қатор мошину механизмҳои махсуси аэродромӣ харидорӣ шуданд.
Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба мусофирон низ дар сархати фаъолияти роҳбарияти фурудгоҳ қарор гирифтааст, зеро аз сатҳу сифати хизматрасониҳо мақому мартабаи фурудгоҳ ва имиджи байналмилалии он сахт вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад толорҳои умумӣ,толори тиҷоратии Терминали 2, майдони назди аэровокзал таъмиру тармим гардида, таваққуфгоҳҳои нави нақлиётӣ сохта шуданд, бинои аэровокзал бо таҷҳизоти нави ҳозиразамон (рапискан, сканер, камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, кондитсионерҳо ва ғ.) муҷаҳҳазонида шуд, инчунин дар бинои Терминали 2 ошхонаи нави замонавӣ ва дар Терминали 1 толори СИП ба истифода дода шуданд. Толорҳо инчунин бо шабакаи интернетии бесими WI-FI таъмин карда шудаанд, ки ба мусофирону меҳмонони пойтахт ҷиҳати дастрасии ройгон бамаълумоти зарурӣ имконият медиҳад.
Барои ободонии гирду атрофи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар доираи омодагӣ ба ҷашни 27 солагии Рӯзи Истиқлолият дар майдони назди толори Президентӣ, толорҳои тиҷоратӣ (СИП), роҳи протоколӣ, терминалҳои №1 ва №2, гирду атрофи фурудгоҳ 850 бех ниҳолу дарахтони ҳархела, 33 475 адад гулҳоисадбарг, 30 000 адад гулҳои мавсимӣ ва 90 530 адад гулҳои гуногун шинонда шуданд.
Қайд кардан зарур аст, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода супорида шуданд. Инчунин тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе намои 15 бинои баландошёна дар кўчаи Аҳмади Дониш пурра таъмир карда шуд.
Алҳол дар фурудгоҳ сохтмони толори нави пешвозу гусели намояндагони расмӣ (толори ВИП) идома дошта, он ҳафтаҳои наздик ба истифода супорида мешавад.
Дар нақшаҳои наздиктарини роҳбарияти фурудгоҳ сохтмони хатти дуюми сунъии парвозу нишаст, рушди инфрасохторҳои назди фурудгоҳ (сохтмони меҳмонхонаи фурудгоҳ ва маҷмааи таваққуфгоҳи автомобилии 3-ошёнаи пўшида), навсозии заминаи моддию техникии корхона дар назар аст.
Роҳбарияти фурудгоҳ пайваста кӯшиш мекунад, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ дар муассисаи авиатсионӣ беҳтар гардида, он дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок намояд.
Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”