ФБД дар 9 моҳ ба 1 млн. 58 ҳазор мусофир хизмат расонид

Субҳонзода Икром Субҳон, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, ба фаъолияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар 9 моҳи соли ҷорӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ин давра шумораи мусофирон ва интиқоли бору бағоч афзуда, теъдоди таъхири парвозҳо ва арзу иддаои мусофирон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Мавсуф дар ин робита ба роҳбарияти ҷамъият барои меҳнату талоши босамар баҳри ободии корхона ва саҳми арзанда дар пешрафту ободонии пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе арзи сипос намуд.

Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба 1 млн. 58 ҳазор мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61,5 ҳазор мусофир зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда1919,0 тн.-ро ташкил дод, ки аз ин миқдор 152,0 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад. Ин нуктаҳо рўзи 10 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои иқтисодӣ-хоҷагидории ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар 9 моҳи соли 2019 зикр гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо аз ҷониби мусофирон 391 эрод ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 592 эрод ё 60,23% камтар мебошад. Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошта шудани парвозҳо 677 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта-200 парвоз ё 22,81%камтар мебошад.

Барои дар сатҳи баланд хизматрасонӣ намуданииштирокчиёни саммиту форумҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими давлатӣ ҳамаи техникаҳои рўизаминии фурудгоҳ, аз он ҷумла, автотрапҳо, автотранспортёрҳо, ядакҳои бағоҷ ва тайёракаш, автобусҳо ва дигар мошину механизмҳо пурра таъмир ва рангубор карда шуданд. Инчунин бароипешвозу гусели меҳмонҳои олиқадр 2 адад автотрапи нави замонавӣ (яктоаш шишапўш) харидорӣ гардида, дар рўзҳои гузаронидани чорабиниҳои мазкур истифода бурда шуданд.

Метавон гуфт, ки дар нӯҳ моҳи соли 2019 ҳама чораву тадбирҳои андешидаи роҳбарияти корхона бобати кори банизом дар давраи баҳору тобистони соли 2019, омодасозии ҳайати шахсӣ ва техника ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 пурра амалӣ гардиданд.

Барои ободонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ва инчунин дар доираи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди толори Президентӣ, роҳҳои протоколӣ, толори намояндагони расмӣ (толори ВИП), толорҳои тиҷоратӣ (СИП №1 ва №2), Терминалҳои №1 ва №2, қисми тиббӣ-санитарӣ, гирду атрофи фурудгоҳ 371 бех дарахтони ҳархела, 16,1 ҳазор адад гулҳои садбарг, 21,1 ҳазор адад гули лола ва 509,9 ҳазор адад гулҳои гуногуни дигар шинонда шуданд. Бинои Президентӣ ва фаввораи назди он, толори СИП-и Терминали №2, майдони назди аэровокзал, деворҳои канори роҳҳои протоколӣ ва гирду атрофи фурудгоҳ таъмиру тармим карда шуданд.

Бояд гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоняк адад майдончаи варзишӣ, ки дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, пурра сохта, ба истифода супорида шуд. Корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишии кӯчаи ба номи Н.Ганҷавии шаҳри Душанбе идома дошта, ин майдонча низ дар моҳи наздик ба истифода супорида мешавад.

Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе таъмири намои 4 бинои истиқоматии чорошёна дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва 2 бинои истиқоматии баландошёна дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ пурра ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва ба онҳо дастрас намудани иттилоот оид ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва иншоотҳои фароғатию хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, меҳмонону сайёҳони кишвар дар даромадгоҳи Терминали 2-и фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гӯшаи муосири иттилоотӣ оид ба хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ ташкил карда шуд. Гӯшаи мазкур бо таҷҳизотҳои муосир таъмин гардида, айни ҳол босамар фаъолият дорад.

Гуфтан лозим аст, ки дар давраи ҳисоботӣ бо Супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи васеъ намудани ҷугрофияи парвозҳои байналмилалӣ ва бо дастгирии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басомади рейсҳои ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ дар самтҳои Ҷумҳурии Қазоқистон (шаҳрҳои Нурсултан ва Алмаато) ва Федератсияи Россия (шаҳри Санкт-Петербург) зиёд карда шуд.

Айни замон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвозҳо аз ҷониби 15 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Turkish airlines”, “Кам Эйр”, Хатҳои ҷанубии Хитой”, “Флай Дубай” ва Вареш Эйрлайнз), 8 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (“Сибир”, “Ют Эйр”, “Урал”-Россия, “Авиатрафик”-Қирғизистон, “Эйр Астана”, “СКАТ” ва “Северний Ветер”-Қазокистон, “Ӯзбекистон ҳаво Йуллари”) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон ҶДММ «Сомон Эйр» ва ҶСК “Тоҷик Эйр” ба амал оварда мешаванд.

Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 13 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвоз мекунанд.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj