Дар шаш моҳи соли равон тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон-Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ба 1 миллиону 71 ҳазору 400 нафар мусофир хизматрасонӣ карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 145,6 ҳазор мусофир зиёд аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон Икром Субҳонзода хабар дод.
Бино ба маълумоти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби ширкати ватании «Сомон Эйр» 354 ҳазору 700 нафар мусофир интиқол дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 117 ҳазору 300 мусофир зиёд аст.
Дар ин давра ҶСК «Тоҷик Эйр» бинобар вазъи душвори молиявӣ аз моҳи январи соли 2019 парвозҳои худро амалӣ накарда, бо ин сабаб натиҷаи молиявии худро бо зарар ба миқдори 17,5 миллион сомонӣ ҷамъбаст кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ҶСК «Тоҷик Эйр» барои интиқоли зоирин дар мавсими «Ҳаҷ-2019» омодагии пурра дида, зоиринро тавассути ҳавопаймои “Boeing” 767-300-и ширкат аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ интиқол додааст.