Масъалаҳои истеҳсолӣ муҳокима шуданд

Имрӯз дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» маҷлиси васеи истеҳсолии кормандони муассиса баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис Директори генералии корхона И. Абдуллозода ҳисоботҳои ҳафтаинаи сардорони хадамоту шуъбаҳоро шунида, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои самараноки рафъи сабабҳои ба вуқуъ омадани онҳо дастуру супориш дод.

Бояд қайд кард, ки дар қатори масоили муҳими фаъолияти истеҳсолии корхона инчунин як қатор мушкилоти рӯзмарра низ баррасӣ шуданд, аз он ҷумла, масъалаи сари вақт пардохт гардидани музди меҳнати коргарон, вусъат додани ҷараёни бору мусофиркашӣ, таъмин кардани амнияти авиатсионӣ дар шароити афзудани хатари ифротгароӣ ва терроризм дар ҷаҳон, омода намудани маҷмааии фароғатии «Кайҳон» ба мавсими тобистонаи қабули кӯдакон ва ғайра.

Котиби матбуотӣ ҶСК ФБД Сабуров Ғ.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj