ФБД дар соли 2023 ба зиёда аз 2,2 миллион мусофир хизмат расонид

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соли 2023 ба зиёда аз 2,2 миллион мусофир хизмат расонидааст

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соли 2023 ба зиёда аз 2,2 миллион мусофир хизмат расонидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 беш аз 470 мусофир ё 27 фоиз зиёд аст.

Тавре дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иброз намуд, миқдори умумии бор ва почтаи аз ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қабул ва интиқолгардида соли 2023 қариб 2900 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 202 995 тонна ё 53 фоиз зиёд аст.

Инчунин ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соли 2023 ба 7506 хатсайр хизмат расонид, ки ин омор нисбат ба соли 2022 1718 адад зиёд мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj