​Майдончаи нави варзишӣ-боз як тӯҳфаи ФБД ба сокинони пойтахт!

Кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” барои сокинони биноҳои истиқоматии №32,35/5-и маҳаллаи Испечаки-2-и шаҳри Душанбе боз як тӯҳфаи нав - майдончаи варзишӣ тақдим намуданд.

Дар чорабинии ифтитоҳи ин иншоот, ки субҳи рӯзи 27.07.2018 сурат гирифт, муовини раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода, роҳбарияти ноҳияи Сино, Аслиддин Меликов, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва кормандони ФБД ширкат варзиданд.

Бахтиёр Назирмадзода зимни суханронии табрикии хеш ба кулли кормандони Фурудгоҳи пойтахт барои иштироки фаъолона дар обод намудани ш.Душанбе арзи ташаккур намуда, ба директори генералии ФБД Исматулло Абдуллозода барои гузоштани саҳми арзанда дар ободонии пойтахт изҳори сипос намуд.

Майдончаи нави варзишӣ, ки масоҳати умумии он беш аз 3000 метри квадратиро ташкил менамояд, дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгўй ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд ёфт. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Фурудгоҳ дар 1 соли охир 5 майдончаи варзишӣ барои сокинон ва меҳмонони пойтахт бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj