​Талаботи нави вурудӣ ба Ҷумҳурии халқии Хитой

Аз 23 июн пас аз таваққуфи дусола парвозҳои мустақим бо хатсайри Душанбе - Урумчи - Душанбе оғоз мешаванд. Парвози аввалро ширкати ҳавопаймоии China Southern Airlines иҷро мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумҳурии халқии Хитой талаботи нави вурудӣ ва парвозҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дод. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Хитой сафар мекунанд, акнун ташхиси ПСР-тести COVID-19-ро бояд на 3 рӯз пеш, балки 1 рӯз пеш аз парвоз супоранд.

Тести коронавирусро танҳо дар озмоишгоҳи “Диамед” супурдан лозим аст ва маълумотнома (справка) бояд дар шакли коғазӣ бо муҳр бошад. Ба истифодаи дигар муассисаҳо (озмоишгоҳҳо) барои супоридани тест танҳо бо розигии сафорати ин кишвар иҷоза дода мешавад.

Гуфта мешавад, зимни хориҷ шудан аз кишвар коди сабз гирифтан зарур аст, ҳатто агар шумо тариқи Чин бо транзит сафар дошта бошед. Дар сурати набудани коди сабз, мусофир дар кишвари транзит “дармемонад”. Аз ин рӯ, сафорати Хитой дар Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки пешакӣ аз сомонаи сафорат дар кишвари транзит боздид карда, бо тартиби гирифтани коди сабз шинос шавед.

Мусофироне, ки аз Тоҷикистон ба Чин парвоз мекунанд, бояд маълумотномаи онлайниро дар бораи вазъи саломатӣ пур карда, дар сомонаи http://hrhk.cs.mfa.gov.cn/H5/ аз қайд гузаранд.

“Барои ин маълумотро онлайн пур карда, маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи гузаштан аз тест ва дигар маводро ворид кардан зарур аст. Пас аз санҷиши сафорат тариқи сомонаи мазкур версияи электронии “маълумотнома дар бораи саломатӣ” дода мешавад, ки ба воситаи QR-код бо аломати HDC кушода мешавад”, - гуфта мешавад дар маълумоти сафорат.

Дар ҳама гуна ҳолат пеш аз харидани билет тавсия медиҳем, ки бо сафорат дар тамос шавед, то ки аз талаоботи мушаххас барои ворид шудан огаҳӣ ёбед.

Қобили зикр аст, ки дар саросари Хитой талаботи ҳатмии санҷиши ҳарорат ва нусхабардорӣ (сканированаие)-и QR-код роҳандозӣ шудааст, то ки таърихи сафарҳо тасдиқ шавад. Ин талабот ба ҳамаи иншооти марбут ба нақлиёт, меҳмонхона ва биноҳои тиҷоратӣ дахл дорад. Дар баъзе ноҳияҳо мақомот метавонанд карантини ҳатмӣ ҷорӣ кунанд. Аз ин рӯ, дар давоми тамоми муддати сафар пайгирӣ намудани тавсияҳои расмӣ зарур аст. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нақлиёт пӯшидани ниқоб лозим аст.


ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj