Натиҷаҳои фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

Фаъолияти молиявию хоҷагидории ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли ҳисоботӣ мутобиқинақшаи дурнамои рушди корхона, ки бо дарназардошти вазъи буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ тарҳрезӣ шуда буд, сурат гирифт. Роҳбарияти фурудгоҳ ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои нохушибуҳрони молиявию иқтисодии саросарӣ чораҳои амалӣ андешида, маҳз ба шарофати ин сиёсат ба нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ ноил гардид.

Нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолии фурудгоҳ дар давраи ҳисоботӣ чунинанд:

Даромади умумии корхона 292,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 9,9% бештар мебошад. Миқдори умумии маблағи ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидаи ҷамъият дар ин давра 62,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пешин 1,34 % зиёдтар аст. Дар соли 2015 ба 1 млн.135 ҳазор нафар мусофир хизмат расонида шуд, аз ҷумла, ба 575,4 ҳазор мусофири рафта ва ба 559,9 ҳазор мусофири омада. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолшуда дар ин давра 2222 т. 145 кг.-ро ташкил дод.

Дар соли 2015 ба 5929 адад хатсайрҳои нақшавӣ, 477 адад хатсайрҳои чартерӣ хизмат расонида шуд. Тавассути толори ҳайатҳои расмӣ (VIР) ба 11166 нафар ва толори тиҷоратӣ (СIР) ба 10487 нафар мусофир хизмат расонида шуд.

Дар соли сипаришуда оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷ ба унвони шуъбаи арзу шикоятҳо 1341 аризаву дархост ворид шуд, ки нисбати соли пешин 55,8% камтар мебошад. Аз онҳо 1336 эрод қонеъ гардида, 5 эроди боқимонда алҳол дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Соли 2015 бо сабабҳои гуногуни объективӣ, аз ҷумла, дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи парвоз, номусоидии обу ҳаво, вайроншавии техникии ҳавопаймоҳо, дахолати намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, тағйир ёфтани вақти парвоз, иваз шудани ҳавопаймо, расонидани ёрии таъҷилӣ ба мусофирон ва ғайра 814 ҳодисаи ба таъхир гузоштани вақти парвоз ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2014 26,7 % камтар мебошад.

Таъмини амнияти парвозҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳама гуна муассисаҳои авиатсионӣ мебошад. Нозирони шуъбаи амнияти дохилӣ ва муоинаи хадамоти амнияти авиатсионӣ (ХАА) ҳодисаҳои зерини ба ҳавопаймо гузаронидани ашёи мамнӯъро ошкор ва пешгирӣ карданд: силоҳи сард (ашёи халанда ва буранда, корд, ханҷар, қайчӣ ва ғ.) – 1182 адад; бозичаҳои яроқмонанд ва суробҳои яроқ – 388 адад; баллончаҳои газдор – 13 адад; завлонаҳои даст – 64 адад. Инчунин, маводи зер ошкор ва ба гуселкунандагон баргардонда шуданд: моддаҳои зудоташгиранда (ранг, лак, равған ва моеъҳои маҳлулсозанда – 456 литр, нӯшокиҳои спиртӣ – 338,5 литр, моддаҳои заҳрнок ва сӯзон (уксус, моеъи тормоз, химикатҳо, кислотаҳо ва ғ.) - 80,1 литр.

Бояд гуфт, ки соли гузашта татбиқи тарҳи нави ниҳоят муҳими байнидавлатӣ – сохтмони терминали боркашонӣ оғоз гардид, ки аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «JICA» дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва агентии мазкур аз 29 сентябри соли 2014 доир ба “Беҳтар намудани инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” маблағгузорӣ мешавад. Мутобиқи нақшаи корҳо моҳи ноябри соли 2015 дар Токио тендери байналмилалӣ ҷиҳати муайян кардани ташкилоти пудратчӣ - таъминкунандаи асосии таҷҳизоти иншоот гузаронида шуд. Дар тендер ширкати байналмилалии ADDED VALUE CORPORATION ғолиб омада, барои харидории таҷҳизоти терминал, аз он ҷумла, системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фуруди аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) муваззаф гардид. Айни замон аз ҷониби машваратчии лоиҳа - ширкати «Nippon Koei» барои гузаронидани тендери байналмилалӣ бобати интихоби пудратчии асосии сохтмони терминал корҳои омодагӣ идома доранд.

Мавриди қайд аст, ки бо сохта шудани чунин як терминали сатҳи ҷаҳонӣ иқтидори боркашонии фурудгоҳи Душанбе ба маротиб афзуда, барои ба бозори дохилӣ ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор, афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди шабакаи васеи хатсайрҳои транзитӣ ва, дар ниҳояти кор, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудани ҷумҳурӣ заминаи хуб фароҳам меояд.

Дар асоси супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби корхона ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ВМКБ кӯмаки пулию молӣ расонида шуд. Маблағи умумии кӯмакҳои молиявии фурудгоҳ ба муассисаҳои иҷтимоӣ (хонаи маъюбон, интернатҳо, хонаҳои бачагон, ятимхонаҳо ва ғ.) дар соли гузашта 350 ҳазор сомониро ташкил дод.

Дар қатори вазифаҳои асосии корхона дар соли 2016 инҳоро зикр кардан ҷоиз аст:

- васеъ намудани доираи хизматрасониҳои фурудгоҳ;

- зиёд кардани даромади корхона аз ҳисоби фаъолиятҳои ғайриавиатсионӣ;

- такмили маҳорату малакаи касбии кормандон;

- баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо;

- такмил додани низоми амният ва татбиқи чораҳо оид ба муқовимат бо терроризм дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;

- пешгирӣ кардани воридоти бемориҳои хатарноки сирояткунанда ба ҳудуди ҷумҳурӣ.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj