​Хизматрасонӣ ва муошират дар мадди аввал

Масъалаи таъмини хизматрасонии сатҳи баланд дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ, таъмини ҳаракати бемамониати меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нав ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасонии онҳо 26 октябр зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода бо масъулини сохторҳои марказии фурудгоҳ, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ, гумрук ва кормандони хизматрасони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мулоқоти мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини хизматрасонии сатҳи баланд дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, аҳамият додан ба одоби муошират бо меҳмонон ва паст кардани арзиши аслии хизматрасониро аз ҷониби ташкилоти хизматрасони сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj