Дар фурудгоҳ ба мусофирони маъюб, азон ҷумла, онҳое, ки имконияти ҳаракаташон маҳдуд аст, диққати хос дода мешавад. Агентони хизматрасон ин қабил мусофиронро аз лаҳзаи ба фурудгоҳ омаданашон пешвоз гирифта, то ба ҳавопаймо савор шудан ва инчунин аз ҳавопаймо фуруд омадану то аз аэовокзал хориҷ шуданашон ҳамроҳӣ мекунанд ва тамоми чораҳоро меандешанд, то ки онҳо зуд ва бемонеа аз тамоми расмиятҳои зарурӣ (бақайдгирӣ, назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ, супоридан ё гирифтани бағоҷ) гузаранд.
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки қарор дар бораи хизматрасонии махсус ба мусофири маъюб аз ҷониби духтури муолиҷакунанда ва ё ширкати ҳавопаймоӣ бо назардошти як қатор омилҳо қабул карда мешавад, чунончи: вазъи саломатии мусофир, теъдоди мусофирони дараҷаи махсус дар ҳамин рейс, мавҷудияти таҷҳизоти махсус. Барои роҳати ин қабил мусофирон дар дами даромадгоҳҳо остонаҳои васеи мусаттаҳи нишеб (пандусҳо) сохта шудаанд. Мавриди зарурат барои ба ҳавопаймо савор кардани мусофирони эҳтиҷманд таҷҳизоти махсус - лифти амбулаторӣ истифода мегардад.