​Фаъолияти хатарнок, аммо бошараф!

Фаъолияти хизматии кормандони Хадамоти ҷустуҷўӣ, садамавӣ-наҷотдиҳии таъминоти парвозҳои ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» бошарафу хатарнок аст. Онҳо ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта барои бартараф намудани ҳар гуна ҳолатҳои фавқуллода тайёранд, барои ин дониш, малака ва таҷриба дошта бо техникаи лозимаи муосир муҷаҳҳазанд.

Хадамоти ҷустуўӣ, садамавӣ-наҷотдиҳии таъминоти парвозҳо соли 2013 бо мақсади гузаронидани корҳои садамавӣ-ҷустуҷўӣ, оташнишонӣ ва наҷотдиҳии таъминоти парвозҳо дар асоси Кодекси ҳавоии ҶТ, бо тавсияи созмони IKAO ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст. Кормандони Хадамоти мазкур ба таври шабонарўзӣ кор карда дастаҳои зудамали Хадамот бошад бо тамоми асбобу лавозимоти наҷотдиҳии мусофирон, ҳайати экипаж ва худи ҳавопаймоҳое, ки ба садама дучор мешаванд, таъмин карда шудаанд.

Ба ғайр аз ин, бо хотири пешгирии ҳолатҳои садамавӣ, роҳбарияти Хадамот бо ҷалби кормандони хадамотҳои дигари фурудгоҳ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла «Тоҷик Эйр»-у «Сомон Эйр» пайваста машқҳои тактикӣ баргузор менамоянд. Машқҳои тактикӣ дар майдончаи махсуси Хадамот, ки бо қисмҳои лозимаю аслии ҳавопаймо ва дигар асбобҳои он муҷаҳҳаз шуда аст, сурат гирифта бино ба гуфти мутахассисони соҳа, чунин майдончаи машқӣ-тактикӣ дар фурўдгоҳи кишварҳои ИДМ ҳамто надорад.

Роҳбарии Хадамоти ҷустуҷўӣ, садамавӣ-наҷотдиҳии таъминоти парвозҳои ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» ба зиммаи мутахассиси собиқадор Қудратулло Одиназода вогузор шудааст. Ҳамчунин, дар ин Хадамот мутахассисони пешбар, ба мисли Фарҳод Тоиров, Сайраҳмон Давлатов, Эргаш Саидов, Карим Маҷидов, Валӣ Қурбонов, Аюб Кароматов, Муродалӣ Умаров, Саидҷаъфар Гулаков фаъолият дошта ҷамарўза саҳми хешро баҳри таъминоти бехатарии мусофирону ҳавопаймоҳо мегузоранд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj