Хабардорсозӣ тавассути почтаи электронӣ

Сомонаи интернетии фурудгоҳ навъи нави хизматрасониро пешниҳод мекунад. Акнун барои фаҳмидани вақти аниқу воқеии рейс шарт нест, ки ҳар сари чанд вақт ба сомона ворид шавед. Кофист, ки курсори мушаки компютерро болои рейси дахлдор гузоред. Ҳамзамон дар паҳлӯи рост рамзи мазкури лифофа пайдо мешавад. Баъди пахш намудани тасвири мазкур системаи сайт ба таври автоматӣ шуморо ба саҳифаи зарурӣ барои нишон додани почтаи электронӣ ва рамзи шинохташавии шумо ворид менамояд. Баъди ворид кардани маълумоти зикршуда системаи автоматии хабардорсозии фурудгоҳ маълумоти заруриро ба почтаи электронии шумо мефиристад.

ГУЗАРИШ БА САҲИФАИ ОНЛАЙН-ЛАВҲА

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj