Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷиҳати таъмини ҳамлу нақли дохилию байналхалқӣ дар мамлакат яке аз фурудгоҳҳои калонтарин аст (ба зиммаи он беш аз 80% бозор рост меояд). ҶСК«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо 20 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр», «Атлант союз» ва ғайра ҳамкорӣ дорад. Соли 2010 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1 005 693 мусофир хизмат расонид.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе БА ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ маҷмўи томи хадамоти фурудгоҳиро пешниҳод менамояд.
ХАДАМОТИ ПАРВОЗУ ФУРУДОӢ:
Пешниҳоди ХПФ (хатти парвозу фурудоӣ), роҳравҳои зимомӣ, перрон;
Таъминоти рўшноӣ-техникии аэродром;
Таъминоти заминии ҷустуҷўӣ – наҷотдиҳӣ дар минтақаи аэродром;
Таъминоти садамавӣ – ҷустуҷўӣ ва зидди сўхтор дар минтақаи аэродром;
Таъминоти орнитологии амнияти парвозҳо дар минтақаи аэродром.
Таъминоти штурмании заминӣ.
ХИЗМАТРАСОНИҲО БОБАТИ ПЕШНИҲОДИ ИСТГОҲ
Барои ҳавопаймоҳои мусофиркаш дар зарфи 3 соати баъди фурудоӣ ва барои ҳавопаймоҳои боркаши сертификатсия кунонидашуда дар сурати мавҷудияти борҳои (почтаи) коркардмешуда (бормекарда ва ё / мефароварда) баъди 6 соати фурудоӣ дар аэродром қароргоҳҳо пешниҳод карда мешаванд. Барои ҳавопаймоҳои боркаши сертификатсиякунонидашуда дар сурати набудани бори (почтаи) коркардмешуда қароргоҳ дар зарфи 3 соат пешниҳод мегардад.
ХИЗМАТРАСОНИҲО БОБАТИ ПЕШНИҲОДИ ҚАРОРГОҲ ЗИЁДА АЗ МЕЪЁР
Барои ҳавопаймоҳои мусофиркаш дар зарфи 3 соати баъди фурудоӣ ва барои ҳавопаймоҳои боркаши сертификатсия кунонидашуда дар сурати мавҷудияти борҳои (почтаи) коркардмешуда (бормекарда ва ё / мефароварда) баъди 6 соати фурудоӣ дар аэродром қароргоҳҳо пешниҳод карда мешаванд.
ХИЗМАТРАСОНИҲО БОБАТИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ АВИАТСИОНӢ ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ
Баамалбарории реҷаи иҷозатномавӣ ва дохилиобъектӣ дар фурудгоҳ;
Муҳофизати ҳудуди назоратшавандаи фурудгоҳ бо фарогирии ҳифзи ҳавопаймоҳо дар қароргоҳҳо ва объектҳои таъминкунандаи ҳаёт дар фурудгоҳ;
Дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани неру ва воситаҳои фурудгоҳ бо мақсади пешгирии амалҳои дахолатҳои ғайриқонунӣ ба фаъолияти фурудгоҳ.
Ҳамохангсозии фаъолияти хадамоти амнияти авиатсионӣ дар минтақаи фурудгоҳ.
ХИЗМАТРАСОНИҲО БОБАТИ ИСТИФОДАИ АЭРОВОКЗАЛ
Хизматрасонӣ ба мусофирин (омада, парвозкунанда, транзит) дар минтақа ва бинои аэровокзал тибқи технологияи муқарраршуда бо фарогирии хизматрасонӣ ба мусофирини раванда (аз лаҳзаи омадан ба минтақаи фурудгоҳ то оғози бақайдгирӣ) ва хизматрасонӣ ба мусофирини меомада (аз лаҳзаи омадан аз ҳавопаймо ба аэровокзал то рафтан аз минтақаи фурудгоҳ) сурат мегирад.
ХИЗМАТРАСОНӣ БА БАҒОҶ:
бағоҷ аз аэровокзал то ҳавопаймо ва баръакс бурда, ҳамчунин бағоҷ ба ҳавопаймо бор карда/фароварда мешавад;
вақти ба амал омадани танаффусҳо дар ҳамлу нақл бо айби ҳамлунақлкунанда ва ё дар роҳ маҷбуран таъхир кардани ҳавопаймо ба мусофирин хонаи истироҳат, хонаи модару кўдак ва ё дар меҳмонхона ҷой пешниҳод мекунад;
мусофиронро бо нақлиёти автомобилӣ аз фурудгоҳи ҳавопаймо маҷбуран фурудомада ба фурудгоҳи наздиктарини таъиноти мусофирин набуда мебарад;
ҳангоми иҷборан таъхир кардани ҳавопаймо бори мусофиринро барои нигоҳдорӣ мегирад;
дар бораи ҳаракати ҳавопаймоҳо, арзиши ҳамлу нақл, дигар шарту шароитҳои истифодаи нақлиёти ҳавоӣ, инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёти заминӣ байни шаҳр ва фурудгоҳ иттилоъ медиҳад;
СУҒУРТА
Мусофирини нақлиёти ҳавоӣ вақти парвоз ё дар фурудгоҳ будан аз ҳодисаҳои нохуш ҳатман суғурта карда мешаванд;
Мусофир аз лаҳзаи эълон кардани саворшавӣ ба ҳавопаймо то лаҳзаи аз фурудгоҳи таъинотӣ берун рафтан суғуртакарда ҳисобида мешавад;
Тартиби гирифтани маблағи суғуртаро Шумо ҳангоми барасмиятдарории чипта аниқ карда метавонед.
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИЛОВАГӢ
Фурудгоҳ аз рўи имконият ба ҳамлу нақлкунанда бо дархости ў хизмати иловагӣ мерасонад. Пешниҳоди чунин хизматрасониҳо бо ризоияти хаттии ҷонибҳо танзим карда мешавад.
Меҳмони мо шавед!