​Ба диққати мусофирон!


Пешниҳоди маълумотнома вобаста ба бемории сироятии COVID-19

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ мерасонад, ки бо назардошти афзоиш ёфтани сироятёбӣ ба бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷониби “Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул гардидааст, ки пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПЦР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия ҳангоми сафар тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

Ҳамзамон, ба диққати шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ парвоз менамоянд, мерасонем, ки ҳар як давлат аз рӯи талаботи худ ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПЦР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст ва вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд, ки ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймоӣ аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки чораҳои беҳдоштии болозикр бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ гардида, бо беҳ гардидани вазъият вобаста ба бемории сироятии мазкур аз байн бурда мешаванд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj