Зоирони тоҷик ба Ватан бармегарданд!

Субҳи имрӯз гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик пас аз адои маросими ҳаҷ тавассути ҳавопаймои ширкати “Сомон эйр” аз шањри Мадина ба Ватан баргаштанд. Нахустин зоиринро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма пешвоз гирифтанд.

Ќарор аст, тамоми шаҳрвандони кишвар, ки имсол маросими ҳаҷро адо карданд, то 1 сентябри соли ҷорӣ тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон эйр” ва Тоҷик эйр” ба Ватан баргарданд.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

photo by: Asia Plus

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj