​Мукофот муборак, ҳамкорони азиз!

Дар арафаи Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон ва 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” барои дастовардҳои меҳнатӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду равнақи соҳаи авиатсияи тоҷик бо мукофотҳои Вазорати нақлиёти ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷумла, Бобоҷон Садриддинов, сармуҳандис, Қудратулло Одинаев, сардори Хадамоти ҷустуҷӯӣ-садамавию наҷотдиҳии таъминоти парвозҳо, Аланазар Эшпулатов, сардори басти хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо, Абдуманнон Қосимов, муҳандиси пешбар, Шерзод Давлатов, сардори Хадамоти истеҳсолӣ - тиҷоратӣ, Владимир Ли, сардори шуъбаи қарордодҳо, Шариф Кассиров, муҳандиси дараҷаи 2-и хадамоти муҳандисӣ-авиатсионӣ, , Абдуваҳҳоб Қаландаров, сардори шуъбаи кадрҳо, Тӯйчӣ Иброҳимов, сардори Хадамоти аэродром бо нишони сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Собирҷон Каримов, сардори Инспексияи бехатарии парвозҳо, Мирзоумар Шокиров, духтури дандонпизишк, Зикрулло Каримов, сардори толори намояндагони расмӣ, Алексей Распопов, авиатехники дараҷаи 6 –и ХМА, Наим Зоҳидов, нозири калони ИБП, Назардод Мамадносиров, нозири инспексияи бехатарии парвозҳо, Валиҷон Бердиев, техники алоқаи дараҷаи 1, Зарина Қурбонова, агенти толори хизматрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ, Гулнора Мамадазизова, нозири калони шуъбаи кадрҳо бо Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти ҶТ қадрдонӣ карда шуданд.

Муборак бошад, ҳамкасбони азиз!

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj