​Мукофоти давлатӣ муборак!

Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба як зумра намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорида шуд.

Аз он ҷумла рӯзи 5 сентябри соли 2022 Маликзода Аҳлиддин Изатулло – муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо медали фахрии «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Коллективи кории ҶСК «Фурудгоҳи байналмилаии Душанбе» Маликзода Аҳлидин Изатуллоро бо сазовор шудан ба ин мукофоти давлатӣ самимона табрик намуда, бо итминон умед доранд, ки ин гуна фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj