Мусофирони хатҳои ҳавоии байналмилалӣ пеш аз саворшавӣ ба ҳавопаймо аз санҷишоти гумрукӣ, сарҳадӣ, шиносномавӣ ва амниятӣ гузашта, ба минтақаи холис – ҷое, ки мусофирон дар он саворшавиро интизор мешаванд, мерасанд.
Мусофирони хатҳои ҳавоии маҳаллӣ бошанд, қабл аз ғуншавӣ дар минтақаи холис танҳо аз санҷиши амниятӣ мегузаранд.
Агар шумо ҳайвонот ё набоботро ҳамл доданӣ бошед, дар ин сурат аз муоинаи фитосанитарӣ гузаштан шарт аст.