​Рӯзи Модарон муборак!

Рӯзи Модар, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон шудааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола таҷлил мегардад. Зеро ки зан-модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.

Имрӯз бахшида ба ин ҷашни зебои баҳорӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” чорабинии бошукӯҳ баргузор гашт. Аслиддин Меликов, муовини директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” зимни табрикоти хеш иброз дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба баланд бардоштани нақшу мақоми иҷтимоии зан дар ҷомеа эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар кўшишҳои беандоза менамоянд ва ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ медонанд.

Имрўз занон зиёда аз нисфи аҳолии мамлакати моро ташкили медиҳанд. Ин қувваи бузург аст ва мо бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки онҳо дар ҳамаи риштаҳои зиндагӣ пешсаф ҳастанд ва дар ҳалли вазифаҳои муҳими ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Ҳукумат ва ҷомеаи имрӯзаи мо ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорад, чунки ӯ мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбия карда, ба камол мерасонад, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд.

Дар фарҷом бо Фармони директори генералии ФБД занҳои фаъоли хадамотҳои гуногуни Фурудгоҳ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Модар сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракат орзу менамояд.

Ҷашни Модар ва истиқболи баҳор муборак, модарону хоҳарони азиз!


ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj