Рӯзи авиатсияи тоҷик муборак!


«Авиатсияи гражданӣ симои кишвар аст. Дар шароити мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият саҳми он дар пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамаддуни ҷаҳонӣ бебаҳо мебошад... Авиатсия фарҳангҳо, мардумон ва тамаддунҳоро мепайвандад».

Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 сентябри соли 1924 аввалин парвоз тариқи ҳавопаймои Ю-13 (Юнкерс Ф-13) аз Бухоро ба Душанбе дар ҳайати сарнишинон Пётр Комаров ва Рашидбек Ахриевсурат гирифт ва он дар таърих ҳамчун Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шуд.

Ин буд, ки дар кишвар дар як муддати кӯтоҳ роҳҳои нави ҳавоӣ пайдо шуда, дар Сталинободфурудгоҳи дараҷаи якум мавриди истифода қарор гирифт.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дарвозаи ҳавоии Тоҷикистон буда, роҳбарияти он пайваста мекӯшад, ки фурудгоҳ ҳамеша намуди ободу зебо дошта, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намояд, дар он мусофирону меҳмонон худро бароҳат эҳсос карда, аз хизматрасониҳои аъло бархурдор гарданд ва ниҳоят, парвозҳое, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба амал меоянд, воқеан пайвандгари мардумон ва тамаддунҳо гарданд.

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳамаи кормандони соҳаи авиатсияи граждании кишварро бо рӯзи касбиашон табрик намуда, барояшон саломатӣ, рӯзгори обод, осмони соф ва фазои сулҳу босуботро орзуманд мебошад.

Рӯзи касби муборак, авиаторони тоҷик!

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj