SCAT Душанберо бо Остона мепайвандад!

Аз 14 декабри соли 2018 ширкати ҳавопаймоии SCAT-и Ҷумҳурии Қазоқистон парвозҳоро дар хатсайри мустақими Остона-Душанбе-Остона оғоз менамояд. Ин хатсайр Душанберо бо пойтахти кишвари Қазоқистон пайваст хоҳад кард.

Парвозҳо рўзҳои ҷумъа ва якшанбе дар ҳавопаймоҳои Bombardier CRJ200 анҷом ёфта, фурўши чиптаҳо ба ин хатсайр алакай оғоз шудааст.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj