​«Сомон Эйр» Душанберо бо Шармушшайх пайваст!

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аввалин маротиба дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон ба амалисозии хатсайрҳои чартерии мустақим аз Душанбе ба Шармушшайх (Миср) шуруъ кард. Фармоишгари хатсайри мазкур ширкати сайёҳии «Компас» буда, намояндагии ширкати сайёҳии мазкурро дар Тоҷикистон ширкати «Транс авиа Экспресс» бар уҳда дорад.

Хатсайри аввалин аз рӯйисамтимазкуррӯзишанбе, 29декабри соли 2018 амалӣгардид. Мусофирони аввалини хатсайри Душанбе-Шармушшайхро роҳбарони Агентии авиатсияи граждании наздиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон, ширкатиҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ширкати сайёҳии«Компас» бо тантана гусел намуданд.Бо ҳавопаймоиБоинг 737-800 нахуст 168 нафар мусофирон ба самти Шармушшайх сафар карданд. Парвозҳодар ин самтдар10рӯзяк маротиба иҷромегарданд. Вақти парвоздар ин самт 5 соатро ташкил медиҳад.

Айниҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо муваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

Хадамоти матбуоти

ҶДММ“Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj