Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон-Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» парвозҳои худро сар аз 31-уми марти соли равон дигарбора барқарор менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод.
Икром Субҳонзода ҳамчунин изҳор намуд, ки тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимшаванда ва иҷозатдиҳандаи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ дастрас карда шудааст. Пас аз мувофиқа бо дигар сохторҳои марбута парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар самти Душанбе-Москва барқарор карда мешаванд.
Икром Субҳонзода афзуд, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» ба самти Душанбе-Москва аз 3 январи соли равон бинобар вазъи молиявии ширкати «Тоҷик Эйр» муваққатан қатъ гардид. Тайи ин муддат мусофирони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-ро ба самти шаҳрҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла Москва ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» интиқол медоданд.
Сар аз 11 март дар тамоми нуқтаҳои чиптафурӯшии кишвар фурӯши чиптаҳои ширкат дар хатсайри Душанбе-Москва ва Москва-Душанбе оғоз гардид. Парвози нахустин дар ин самт рӯзи 31-уми марти соли равон дар назар дошта шудааст.
Пас аз анҷоми расмиёти муайян моҳи апрели соли равон давра ба давра парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар дигар хатсайрҳо низ барқарор карда мешаванд.
Қабл аз ин ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Урумчӣ-Душанбе, Душанбе-Теҳрон-Душанбе, Душанбе-Алма-ато-Душанбе, Душанбе-Бишкек-Душанбе, Душанбе-Самарқанд-Душанбе, Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Сургут-Душанбе, Душанбе-Нижневартовск-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе ва Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳои мунтазамро иҷро менамуд.
Ёдовар мешавем, ки парки ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» аз тайёраҳо ва чархболҳои Boeing 737-300, Boeing 757-200, Boeing 767-300, Bombardier CRJ–200, Ан-28 ва Ми-8 МТВ иборат мебошад.
АМИТ «Ховар»