​Таҷлили Рӯзи Модар дар Фурудгоҳи Душанбе

6 марти соли ҷорӣ дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии занон 8-Март баргузор гашт.

Муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи баналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов аз номи роҳбарияти корхона тамоми занони фурудгоҳро бо ин ҷашни баҳору зебоӣ табрику таҳният намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки Рӯзи Модар, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон шудааст, ҳамчун рамзи бахту саодат, омади баҳор, бедоршавӣ ва шукуфоии табиатҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Давлату ҳукумати Тоҷикистон ба баланд бардоштани нақшу мақоми иҷтимоии зан дар ҷомеа эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳатиҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар кӯшишҳои беандоза менамоянд ва ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ медонанд.

- Модари тоҷик ба мушкилоти зиндагӣ сарбаландона тоқат намуда, наслеро ба камолмерасонад, ки созандагони асили ин сарзамини муқаддас мебошанд.

Имрӯз занон зиёда аз нисфи аҳолии мамлакати моро ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 392 нафар занон дар вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла, дар вазифаҳои масъулиятнок босамар фаъолият мекунанд, - афзуд Аслиддин Меликов зимни суханронии хеш.

Сардори шӯъбаи кор бо кадри ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Наргис Нозимова Фармоиши директори генералии корхона Исматулло Абдуллозодаро дар бораи аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати софдилона, саҳми арзанда ва фаъолияти бенуқсон ва ба муносибати ҷашни Модар-8 март бо тӯҳфаҳои шоиста қадрдонӣ шудани 15 нафар коргарзанони фурудгоҳро хонд.

Бо тӯҳфаҳои шоиста аз номи Президенти ҶТ Зебунисо Каракулова, духтури ултрасадои дараҷаи олии ҚТС, Оксана Гончарова, духтури касалиҳои дарунӣ, мумайизи дараҷаи олии ҚТС, Марина Кулешова, танзимгари калони ХХР, Татяна Воложинова, танзимгари ХИТ, Паримоҳ Муҳаммадхоҷаева, рубучингари биноҳои истеҳсолии ХА, Гулчеҳра Ҷалолова, раиси КИК, Зайнаб Юлдошева, муҳандиси электроникаи ХИТРА, Бунафша Мавҷудова, танзимгари ХАА, Оламбӣ Давлатова, танзимгари ХМА, Муҳаббат Абдураҳмонова, танзимгари ТНР ВИП, Тақсиратпочо Муратова, коргари гурӯҳи сабзкории ХО ва С, Ирина Ларченко, роҳбари мусиқии кудакистон, Муҳаббат Табарова, нозири ШУ, Қумринисо Зубайдуллоева, нозири ШК ва Салима Баротова, рӯбучингари биноҳои истеҳсолии ХТС ва НХҲ сарфароз гардиданд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj