Транспорт

Бо кадом нақлиёт то фурудгоҳ рафтан мумкин аст?

Асоси стратегияи Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо қонеъ намудани ҳама талаботи мусофироне мебошад, ки аз хизматҳои фурудгоҳӣ истифода мебаранд. Бо ин мақсад мо мекӯшем, ки сифати хизматрасониҳоро дар ҳудуди фурудгоҳ пайваста баланд бардорем. Маҳз аз ин рӯ, гӯшаи мазкур яке аз гӯшаҳои муҳимтарини сомона ба ҳисоб меравад, зеро дар он ба суолҳои ниҳоят зарур ва аввалиндараҷаи мусофири ба даргоҳи терминал қадамгузошта посух дода мешавад.

Дар мисоли зерин кӯшиш мекунем, ки як қатор масъалаҳои оддитарин ва ҳамзамон барои мусофирон муҳимро баррасӣ намуда, ба саволҳои зимнан пешомада ҷавоб гӯем. Дар мақола бо мақсади шиносоии бештари мусофирон бо низоми кори фурурдгоҳ ҳамчунин тафсири баъзе мафҳумоту истилоҳоти соҳавӣ низ дода мешавад. Чунончи, фурудгоҳ маҷмӯи иншооте мебошад, ки барои қабулу гусели ҳавопаймоҳо ва хизматрасонӣ ба мусофирон, бору бағоҷи онҳо пешбинӣ шудаанд ва бо ин мақсад дорои аэродром, аэровокзал ва дигар иншоотҳои рӯизаминӣ ва таҷҳизоти зарурӣ мебошад.

1.Ҳамин тариқ, иттилооти мазкур барои кӣ пешбинӣ шудааст? Комилан барои ҳама. Тавре ки гуфтем, мисоли оддитаринро дида мебароем.

Фарз кардем, ки шумо аз ноҳияи дурдаст ба пойтахт омадед. Нахустин суоле, ки бароятон пеш меояд, чӣ тавр ба фурудгоҳ расида оед.

Ҷавоб: Тавассути маршруткаҳои №1,8,14,16,33 ва ё троллейбуси №4, автобуси №8.

Чун тавассути яке аз нақлиёти зикршуда дар истгоҳи охирин фаромадед, аз ронанда самти ҷойгиршавии фурудгоҳро пурсед ва каме ба ин самт ҳаракат карда, рӯбарӯятон бинои фурдгоҳро мебинед, ки болои он «Фурудгохи Байналмилалии Душанбе» навишта шудааст. Дар паҳлӯи рости он бинои Аэровокзал, ё худ Терминали №1 ҷойгир шудааст, ки аз ин ҷо тамоми парвозҳои байналхалқӣ ба амал оварда мешаванд. Аэровокзал ҷоест, ки дар ин ҷо ба мусофирон аз лаҳзаи воридшавӣ ба ҳудуди фурудгоҳ то саворшавӣ ба ҳавопаймо ва инчунин аз лаҳзаи додашавии зинапоя то беруншавӣ аз фурудгоҳ хизмат расонида мешавад.

2. Мусофири чиптадор бояд рӯзи парвоз ба аэровокзал ҳозир шавад. Санаи парвоз, рақами рейс ва вақти парвоз дар чипта нишон дода шудааст. Бақайдгирии чиптаи ҳавопаймоӣ 2,5 соат қабл аз парвоз оғоз меёбад. Дар даромадгоҳи толори марказии аэровокзал мусофир бо кормандони хадамоти амнияти авиатсионӣ рӯбарӯ мешавад, ки онҳо мусофирро танҳо ба шарти пешниҳод кардани чипта ва дигар ҳуҷҷаҳои зарурӣ ба дохили толор роҳ медиҳанд.

3. Баъди ин хадамоти маълумотдиҳии фурудгоҳро пайдо намуда, аз ходимони он дар хусуси рейси худ иттилоъ гиред. Бо гирифтани маълумоти зарурӣ фарорасии вақти бақайдгириро мунтазир шавед. Мусофирон тавассути радиои фурудгоҳӣ ба сабти ному чипта даъват карда мешаванд.

4.Минбаъд аз минтақаи муоина гузашта, ба мусофи лозим аст, ки дар ҳузури нозир оид ба амнияти авиатсионӣ бағоҷи худро барои тафтиш пешниҳод кунад.

Марҳилаи навбатӣ санҷиши мусофир аз ҷониби корманди хадамоти гумрук мебошад. Санҷиш, муоина ва холисият ба мусофир имкон медиҳанд, ки минбаъд ба ҷониби нуқтаи бақайдгирӣ ҳаракат намояд. Дар лавҳаи нуқтаи бақайдгирӣ рақаму вақти рейс ва номи ширкати ҳавопаймоие, ки рейси мазкурро ба амал меорад, зикр карда мешавад. Нуқтаи дахлдори бақайдгириро муайян намуда, мусофир ба агенти нуқтаи бақайдгирӣ чиптаи ҳавопаймоӣ ва шиносномаи худро барои сабт пешниҳод мекунад. Агент мусофирро ба қайд гирифта, ба ӯ талони саворшавӣ ва рақамномаҳои барчапсҳои бағоҷиро месупорад, агар мусофир борҳои шахсиашро таҳти ҷавобгарии таҳмилдиҳандаи авиатсионӣ ба бағоҷ супорида бошад.

Ҷараёни технологии муоина дар гузаргоҳи назоратӣ-сарҳадӣ ба анҷом мерасад. Дар ин ҷо корманди хадамоти сарҳадӣ маълумоти дар шиносномаи мусофир омадаро бо маълумоти дар компютер сабтшуда муқоиса намуда, дар шиноснома ва талони саворшавии мусофир, ки тавассути нуқтаи мазкур гузаштани ӯро тасдиқ мекунад, штамп мегузорад. Баъд аз ин нозирони амнияти авиатсионӣҳама ҳуҷҷатҳои мусофирро аз назар гузаронида , муътақид мегарданд, ки мусофир тамоми расмиётро ба ҷо овардааст ва пас аз ин ба талони саворшавии ӯ муҳр гузошта, то ба парвоз пурра омода гардидани ҳавопаймо ба толори интизорӣ даъват мекунанд. Баъди ба парвоз омода гардидани ҳавопаймо агент оид ба саворшавӣ мусофиронро барои саворшавӣ ба ҳавопаймо даъват мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар баромадгоҳи перрон мусофирон бояд ҳатман талонҳои саворшавиашонро аз қайд гузаронанд. Агент оид ба саворшавӣ талонҳои саворшавии мусофиронро тавассути сканер ба компютер васл намуда, дар он рақами рейс ва санаи парвозро сабт мекунад. Баъд аз и н мусофирон ба автобус савор шуда, бо мушоиати агент ҷониби ҳавопаймо раҳсипор мешаванд. Мусофирон ба ҳавопаймое, ки қаблан ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳодисаҳои дахолати ғайриқонунӣ аз ҷониби хадамоти дахлдор таҳти муоина қарор гирифта буд, савор мешаванд. Экипаж омодагии хешро тасдиқ намуда, ба саворшавии мусофирон иҷозат медиҳад.

Агент қисмати ҷудошавандаи талонҳои саворшавиро канда гиифта, мусофирро ба ҳавопаймо савор мекунад. Роҳбаладон дар дохили ҳавопаймо мусофиронро қабул намуда, онҳоро дар ҷойҳои дар талонҳои саворшавӣ зикршуда мешинонанд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj