​Оғози сохтмони терминали боркашонӣ дар ФБД!

хабар аз санаи 16-03-2017:Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими гузоштани санги аввали терминалиборкашонии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” баргузор гашт. Дар маросими мазкур муовини аввали Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзоев, сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии Ҷопон дар ҶТ Китаока Хачиме, роҳбари Агентии Ҷопон оид ба муносибатҳоибайналмилалӣ “JICA» Танабе Хидеки, намояндаи ширкати Added Value Corporation Тошиюки Носэ, намояндаи DNC Ниппон Констракшин ва ҳайати роҳбарикунандаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ширкат варзиданд.

Тибқи созишномаи грантии мазкур Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,914,000,000 иенаи японӣ тақрибан 17 миллион доллари ИМА ба санаи 31.03.2017 грант ҷудо намуд.

Дар асоси Қарордоди мазкур таҷҳизотҳои системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва коркарди борҳои терминали боркашонӣ ба андозаи 100% ба Тоҷикистон аз Норвегия, Белгия, Олмон ва Ҷопон ворид карда шуданд. Айни замон системаи мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, аз санҷиш гузаронида шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» якҷоя бо Агентии Ҷопон «JICA» қарор карданд, ки сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе ба ду қисм ҷудо карда шавад. Қисми якум – сохтмони терминали боркашонӣ ва қисми дуюм – барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминали боркашонӣ. Бояд гуфт, ки корҳои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе аз 20 феврали соли 2017 оғоз гардид.

Дар семоҳаи дуюми соли 2017 тендери байналхалқӣ эълон карда мешавад ва сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе (барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминали боркашонӣ) баъди гузаронидани тендери байналхалқӣ ва муайян гардидани пудрачии асосии лоиҳа дар моҳи июли соли 2017 оғоз мегардад.

Мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳои ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳтар намудуни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҷониби фурудгоҳи Душанбе корҳои омодасозии майдони сохтмон ва гирду атрофи он, кашидани хатҳои коммуникатсионӣ ва сохтмони зеристгоҳи барқии ТП-ССО-270 барои системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда баҳри фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ба анҷом расонида шуданд.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj