Пудратчии лоиҳаи терминали боркашонӣ маълум гардид

Рўзи 27.01.2016 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе вохўрии кормандони масъули фурудгоҳ бо намояндагони ширкати ADDED VALUE CORPORATION, ғолиби тендери байналмилалӣ оид ба интихоби пудратчии лоиҳа таъминкунандаи таҷҳизоти терминали боркашонӣ аз он ҷумла, системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фуруди аниқи ҳавопаймоҳо (систеами ILS) баргузор гардид.

Дар рафти вохўрӣ иштирокчиён масъалаҳои зеринро муҳокима ва баррасӣ намуданд: ҷадвали таъмини таҷҳизот барои коркарди бор, ҷойи нигоҳдоштани муваққатии таҷҳизот, омўзиши коргарон бо усули истифодабарии таҷҳизот ва коркарди бор.

Мавриди қайд аст, ки бо сохта шудани чунин як терминали сатҳи ҷаҳонӣ иқтидори боркашонии фурудгоҳи Душанбе ба маротиб афзуда, барои ба бозори дохилӣ ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор, афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди шабакаи васеи хатсайрҳои транзитӣ ва дар ниҳояти кор, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудани ҷумҳурӣ заминаи хуб фароҳам меояд.

Бояд гуфт, ки татбиқи ин тарҳи нави ниҳоят муҳими байнидавлатӣ – яъне сохтмони терминали боркашонӣ соли 2014 оғоз гардид. Лоиҳа аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «JICA» дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва агентии мазкур аз 29 сентябри соли 2014 доир ба “Беҳтар намудани инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” маблағгузорӣ мешавад.

Котиби матбуотии

ҶСК «ФБД» Сабуров Г

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj