Муаррифии ҳавопаймои «Bombardier CRJ – 200» дар ФБД

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шоми рўзи 26.10.2018 ҳавопаймои нави худ- «Bombardier CRJ – 200»-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар маросими ботантана муаррифӣ намуд. Дар маросими муаррифии ҳавопаймои нав директори генералии ин ширкати миллии ҳавопаймоӣ Хайрулло Раҳимов дар ҳузури меҳмонон ва намояндагони сохторҳои ҳавопаймоии кишвар изҳор намуд, ки «Стратегияи дарозмуддати рушди ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ба таҷдид ва густариши бахши ҳавонавардии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ нигаронида шудааст.Мавсуф афзуд, ки роҳбарияти ширкат саъй менамояд, ки бо мақсади рушди ҳавонавардии миллии мамлакат ҳавопаймоҳои муосирро дастрас намояд, ки ҳам ба шароити минтақа, ҷуғрофиёи парвозҳо ва аз лиҳози тиҷоратӣ мусоидат намояд.

Мусаллам аст, ки ҳавопаймои муосири реактивии «Bombardier CRJ-200» дорои 50 ҷойи нишаст барои мусофирон ва ду ҷои нишаст барои сарнишинони ҳавопаймо буда, метавонад дар шароити душвор ва номусоиди боду ҳаво парвоз анҷом диҳад, ки ин афзалияти ҳавопаймо дар шароити иқлими минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аз аҳамияти калон бархӯрдор аст. Дар ин росто, ҳавопаймои мусофирбари «Bombardier CRJ-200» яке аз ҳавопаймоҳои муосири экологӣ ва тиҷоратӣ бо сатҳи садои паст ва аз лиҳози анҷоми парвозҳои кӯтоҳмуддат дар масирҳои Душанбе ба самти Бишкек ва ё ба Деҳлӣ, Урумчӣ беҳтарин ҳавопаймои мусофирбар арзёбӣ мегардад.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» тасмим дорад, ки дар маҷмӯъ чор адад ҳавопаймои тамғаи «Bombardier CRJ-200»-ро харидорӣ намояд,- афзуд Хайрулло Раҳимов. Интизор меравад, ки то охири сол ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» боз як адад чунин ҳавопаймои «Bombardier CRJ-200»-ро вориди кишвар созад. Ин раванд ба татбиқи ҳадафҳои ширкат дар самти таҷдиду навсозии парки ҳавопаймоии ширкат ва дар маҷмӯъ дар рушди ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» нақши муассир мегузорад. Бояд тазаккур дод, ки ҳавопаймои мусофирбари «Bombardier CRJ-200»- ки барои парвозҳо дар хатсайрҳои минтақавӣ пешбинӣ гардидааст, бори нахуст соли 1991 бо намунаи «CRJ -100» дар ширкати ҳавопаймосозии Канада «Canadair», алҳол «Bombardier» сохта шудааст. Сатҳи баланди сарфанокӣ, муҳаррикҳои пуриқтидор, курсиҳои бароҳати чармӣ барои мусофирон, толори васею барҳаво аз афзалиятҳои ҳавопаймо «Bombardier CRJ-200» маҳсуб меёбад.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj