Дар иртибот ба хуруҷи бемории COVID-19 дар бархе кишварҳои минтақа дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тадбирҳои назоратии пешгирикунанда андешида шуда, ҷиҳати назорати вазъи саломатии мусофирон ситоди доимоамалкунада фаъолият менамояд. Чунин гуфт директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Мавриди зикр аст, ки дар фурудгоҳҳои бархе аз давлатҳои минтақа, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон чораҳои пешгирикунанда шадидтар карда шудаанд.
Бо дахли фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Дилшод Сафарзода афзуд, ки дар ин давра фурудгоҳ ба 731 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 398,3 ҳазор мусофир ё 2,2 маротиба зиёд аст. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабул ва интиқолгардида беш аз 962 тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 432 тонна ё аз 81 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин дар ин давра Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қариб дар 2800 хатсайр хизмат расонидааст, ки аз он 2415 адад хатсайри мунтазам ва 377 адад хатсайри номунтазам мебошанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»