​Диққат! Хабари муҳим!

Муҳлати амали ташхиси манфии коронавирус дар Россия аз 72 ба 48 соат кам карда шудааст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо нашри як эълон хабар дод, ки минбаъд мусофирон зимни вуруд ба Россия бояд санади ташхиси коронавирусеро пешниҳод кунанд, ки на пештар аз 2 шабонарӯз то лаҳзаи вуруд гирифта шудааст.

Тасмим дар бораи кам кардани муддати амали санади ташхисро сартабиби санитарии Федератсия Россия рӯзи 4 декабри соли 2021 қабул карда, он аз 8 декабри соли равон мавриди амал қарор гирифт.

Таъкид шудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсия Россия сафар мекунанд, метавонанд хулосаи ташхисро бо истифодаи замимаи мобилии "Сайёҳати бидуни COVID-19" - "Путешествую без COVID-19" пешниҳод намоянд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj