Тўҳфаи арзандаи ФБД ба сокинони пойтахт!

Кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар арафаи Рўзи забони тоҷикӣ, ки ҳамасола рўзи 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, барои сокинони шаҳри Душанбе боз як армуғонӣ бошукўҳ-майдончаи нави варзишӣ тўҳфа намуданд.

Майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Синои пойтахт, дар маҳаллаи 112, кўчаи Ҳисор, назди биноҳои истиқоматии 81 ва 81/1 воқеъ буда масоҳати умумии қитъаи замин 1620 м2; ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, масоҳати кабудизоркунӣ-240 м2;, масоҳати майдончаи бозии кўдакона-400 м2;, масоҳати майдончаи универсалӣ-540 м2;, масоҳати роҳравҳо- 440 м2 мебошад. Иловатан дар масоҳати 120 м2 айвон барои ҷои ҷамъиятӣ сохта шудааст. Маблағи лоиҳавии сохтмон 1 150 000 сомониро ташкил дода он аз ҷониби КВД «Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» омода шудааст. Сохтмонро ҶДММ «Сомонаморат» иҷро кардааст.

Майдончаи варзишии мазкур армуғони сеюми кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба сокинони пойтахт буда он барои оммавӣ гардонидани варзиш дар байни наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

СПРАВОЧНАЯ СЛУЖБА

+992 37 227 21 79

Местоположение

734012, Республика Таджикистан, г.Душанбе,
ул.им.М. Мастангулова, 32/2

Электронная почта

info@airport.tj