ҶСК"ФБД" дар як сол ба 1 миллиону 156 ҳазор мусофир хизмат расон

хабар аз санаи 19-01-2017: ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2016 ба 1 миллиону 156 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, аз он ҷумла, ба 605 ҳазор мусофири рафта ва 551 ҳазор мусофири омада.

Дар давраи ҳисоботӣ микдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурўдгоҳ кабулгардида 2236 тоннаро ташкил дод, ки аз он ҷумла маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 122 тонна.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Turkish Airlines, Kam Air, China Southern Airlines, Flydubai Iran Aseman Airlines), 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал, Авиатрафик - Қирғизистон, Эйр Астана - Қазоқистон) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ меёбанд.

Аз фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рўз 12 ададро ташкил медиҳанд.

Музди меҳнати миёнаи кормандони ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2016 - 2779 сомониро ташкил дода, шумораи миёнаи ҳайат 1305 нафар мебошад, ки аз он 305 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj