​Фаъолияти Фурудгоҳи «Хоруғ» назаррас аст!

Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, ки таҳти тобеияти идории ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қарор дорад, фаъолияти худро дар 9 моҳи соли 2018 бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намуд.

Бояд қайд намуд, ки Фурудгоҳи «Хоруғ» дар давраи ҳисоботӣ 64 парвози тайёраи АН-28 ва 18 парвози чархболи МИ-8МТВ-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр»-ро қабул ва гусел намуда, дар маҷмўъ ба 1075 мусофир хизмат намудааст, ки аз он ҷумлаи онҳо 248 нафар кўдакони то 5 сола, 119 нафар кўдакони синни аз 5 то 12 сола ва 10 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат мебошанд.

Ба ғайр аз ин, тавассути ин фурудгоҳ 135 парвози чархболҳои мусофиркашу боркашонӣ сурат гирифтааст.

Бино ба суханони иҷрокунандаи вазифаи директори Фурудгоҳи «Хоруғ» Шўҳрат Махсутшоев фурудгоҳи мазкур 11 корманд дорад. Дар ин фурудгоҳ кормадони соҳибтаҷриба, ба мисли Ширин Ализанаров, Аъло Амонбеков, Латофат Хўҷасаидова ва Шамшед Шоиков солҳои тўлонӣ кору фаъолият дошта, ҳамарўза барои ҳамлу нақли бору мусофирон хизмат менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки Фурудгоҳи «Хоруғ» фурудгоҳи асосӣ ва калонтарин дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба ҳисоб рафта, он дар наздикии шаҳри Хоруғ—маркази маъмурии вилоят, дар лаби дарёи Панҷ ҷойгир шудааст. Фурудгоҳи «Хоруғ» аз сатҳи баҳр дар баландии 2080 метр ҷойгир гардида, яке аз баландтарин фурудгоҳҳои дунё ба ҳисоб меравад ва дар баробари ҳавопаймоҳои хурд ба чархболҳо низ хизмат мерасонад.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj