​Хизматрасонӣ ба мусофирон афзуд

Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соли сипаригардида қариб ба 1,6 миллион нафар мусофир хизмат расонидаанд, ки ин омор дар қиёс ба соли 2020 беш аз 906 ҳазор нафар мусофир ё 1,3 маротиба зиёд аст.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода 10 феврал зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ширкату корхонаҳои авиатсионии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, ки соли гузашта Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 926 ҳазор мусофир, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба 379 ҳазор, Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба 233 ҳазор нафар ва Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар ба 56 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд.

Икром Субҳонзода афзуд, ки Агентии авиатсияи гарждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли гузашта фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ба роҳ монда, солро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуд.

Мавсуф афзуд, ки соли гузашта аз ҳисоби хизматрасонӣ ба мусофирону ҳавопаймоҳо даромади корхонаҳои авиатсионии кишвар афзоиш ёфта, ба 2,8 миллиард сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 698 миллион сомонӣ ё 50 фоиз зиёд аст.

Зикр шуд, ки аз ҳисоби даромади гирифта натиҷаи молиявии корхонаҳо соли гузашта ба 277,8 миллион сомонӣ фоида баробар гардид, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2020 501,1 миллион сомонӣ ё 2,2 баробар зиёд аст. Вобаста ба ин пардохтҳои корхонаҳои авиатсионии кишвар ба буҷети давлатӣ дар соли сипаригардида 121 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 49,5 миллион сомонӣ ё 70 фоиз зиёд аст.

Икром Субҳонзода зикр намуд, ки фаъолияти корхонаҳои авиатсионии кишвар соли гузашта ва нишондиҳандаҳои оморӣ бозгӯи он аст, ки фаъолияти ширкату корхонаҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар соле, ки гузашт, беҳтар гардида, хастсайрҳои нави ҳавоӣ кушода ва парвозҳои мунтазами байналмилалӣ афзоиш ёфта истодаанд.

Икром Субҳонзода иброз намуд, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати мамлакат ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар оянда барои фароҳам овардани шароити муосиди рақобатпазир барои фаъолияти ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва бартараф намудани монеаҳои рушди соҳаи авиатсияи гражанӣ ҳамкориро бо мақомоти авиатсионии кишварҳои хориҷӣ ва шарикони тиҷоратӣ ба роҳ монда тақвият мебахшад.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj