Майдони умумӣ: 11 000 м². Имконияти гузарониш: 500 мусофир дар 1 соат . Дараҷаи С, тибқи таснифи ИАТА.
6 баромадгоҳ ба саворшавӣ. 2 баромадгоҳ ба таваққуфгоҳҳои дур ва 4 баромадгоҳ ба зинаҳои телескопӣ, ки истеҳсоли ширкати ТиссенКрупп (ThyssenKrupp)-и Олмон мебошанд.
18 нуқтаи бақайдгирии мусофирон ва системаи автоматии коркарди бағоҷҳо. Истеҳсолкунанда ширкати ВандерландеИндастриз (Ҳолланд).
2 тасмаи конвейерӣ оид ба коркарди бағоҷи мусофирони парвозкунанда ва 3 конвейери даврзананда оид ба додани бағоҷи мусофирони фурудомада. Истеҳсоли ширкати Вадерланде.
10 нуқтаи сарҳадӣ барои муоинаи мусофирони парвозкунанда ва 12 нуқта барои мусофирони фурудомада.
Лавҳаҳои муосири иттилоотӣ дар тамоми терминал ва майдони наздивокзал. Истеҳсоли ширкати СИТА- ФИДС (SITA-FIDS) Женева, Швейтсария.
Лифт-эскалаторҳои ҳозиразамони истеҳсоли ширкати OTIS.
Мағозаҳои Дюти-Фри аз ширкати шинохтаи олмонии Хайнеманн (Heinemann Duty Free).
Яке аз муосиртарин таҷҳизоти технологӣ барои муоинаи шахсӣ ва инчунин бағоҷи мусофирон. Истеҳсоли ширкати «Рапискан Систем» (Rapiscan Systems).
Маркази муосири баландтехнологӣ оид ба идоракунии кори терминал.
Системаи муосири автоматиконида ва марказонидашудаи идоракунии бинои терминал.
Системаи такмилдодашудаи мушоҳидаи видеоии тамоми терминал ва майдони наздивокзал.
Системаи муосиртарини зиддисӯхтории ҷавобгӯи стандартҳои аврупоӣ.
Дастгоҳҳои механикӣ ва автоматии фаршшӯии истеҳсоли ширкати машҳури Дулево (Италия).
Системаи автоматии карточкагии назорати воридшавӣ, ки амният ва пешгирии ҳодисаҳои воридоти одамони бегонаро ба терминал таъмин мекунад.
Барои роҳати бештари мусофирон дар терминал инчунин хизматрасониҳои зерин амал мекунанд:
Минтақаи транзитӣ
Толори CIP барои парвозкунандагон ва фурудомадагон
Тарабхона ва қаҳвахонаҳои ғизои аврупоӣ ва миллӣ.
Нуқтаи мубодилаи асъор.
Авиакассаҳо ва намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ.
Хонаи модару кӯдак.
Намозхона дар толори мунтазироти мусофирон.
Камераи маҳфуздории бағоҷ.
Бунгоҳи тиббӣ барои расонидани кӯмаки аввалин ва инчунин барои қабул ва таҳвилимусофирони бемор.
Бунгоҳи санитарӣ-карантинӣ
Бахши консулгарӣ барои гирифтани раводид баъди фурудоӣ
Таҷҳизот барои бағоҷпечонӣ.
Аробачаҳои мувофиқи бағоҷкашӣ.
Дастрасии бепули Wi-Fi ба шабакаи интернет.
Қайд қардан зарур аст, ки дар дохили терминал мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ барои одамони имконияташон маҳдуд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин гуна одамон дар тамоми ҳудуди терминал озодона ҳаракат карда метавонанд. Инчунин кормандони масъули терминал метавонанд онҳоро дар тамоми муддати дар терминал буданашон ҳамроҳӣ кунанд.
Махсус барои роҳат ва бехатарии мусофирон технологияҳои нави гузариши расмиятҳои ҳатмӣ таҳия шудаанд, аз он ҷумла:
гузариши муоинаи ҷиддии шахсӣ бидуни бадар кардани либоси болоӣ.
кабинаҳои муоинаи сарҳадӣ дорои таҷҳизоти муосиртарин мебошанд, ки иттилоотро тариқи автоматӣ мехонанд.
Технологияи боэътимоди коркард ва муоинаи бағоҷ, ки дорои муҳофизати 5-қабата буда, эҳтимоли таҳвили моддаҳои мамнӯъро маҳдуд менамояд.