Таътили мактаббачаҳо дар фароғатгоҳи «Кайҳон» оғоз шуд

Имрӯз (30.06.2015) Фарғатгоҳи «Кайҳон» дарҳои худро ба рӯи фарзандони кормандони соҳаи авиатсияи кишвар расман боз кард.

Тасмим гирифта шуд, ки имсол фароғатгоҳ дар се баст фаъолият намояд. Барои кор бо кӯдакону наврасон мутахассисони варзида даъват шудаанд. Ҳайати педагогӣ сармуррабӣ, духтур, ҳамшираҳои шафқат, ошпазҳои пуртаҷрибаи касбӣ, кормандони техникӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

Дар басти аввал истироҳаткунандагон 150 нафаранд, аз ин ҳисоб дар қатори фарзандони кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ 10 нафар аз тарбиягирандагони Хона-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав барои истироҳат ҷалб шудаанд.

Маъмурияти фурудгоҳ ва Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони авиатсия тасмим гирифтаанд дар бастҳои дигар низ аз хона-интернатҳои ҷумҳурӣ фарзандони нафарони камбизоатро ба таври ройгон барои истироҳат ҷалб намоянд.

Инак, оғоз аз 25 июни соли 2015 фарғатгоҳ ба фаъолият шурӯъ кард ва имрӯз 30 июн маросими тантанавии кушодани расмии фароғатгоҳ гузаронида мешавад. Чун анъана пас аз расман кушодан, фароғатгоҳ аз рӯи барномаи таътилии тартибдодашуда амал менамояд.

Дар қатори мусобиқаҳои варзишӣ, машқҳои ҳаррӯза, кӯҳнаврдӣ, барномаи фарҳангӣ тартиб дода шудааст.

Котиби матбуоти «ФБД» М. Шодиев

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj