ПАРВОЗҲОИ МУНТАЗАМ АФЗОИШ МЕЁБАНД

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки барқарорсозӣ ва афзоиши парвозҳои мунтазами байналмилалӣ аз вазъи эпидемиологии кишварҳои ҷаҳон вобаста буда, барқарорсозии он тибқи қарорҳои қабулнамудаи “Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши бемории сироятии коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда мешавад.

Дар ин асос, бо назардошти беҳ гардидани вазъи эпидемиологии кишварҳои ҷаҳон ва бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, аз ҷониби “Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул гардидааст, ки парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Нурсултон-Душанбе ва Душанбе-Теҳрон-Душанбе бо зичии 2 парвозӣ дар як ҳафта аз ҳар ҷониб барқарор карда шаванд.

Инчунин, бо мақсади рафту омади бе мушкилии шаҳрвандон ва поён бурдани арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати афзоиш додани парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои Душанбе-Алмато-Душанбе, Душанбе-Дубай-Душанбе, Душанбе-Истанбул-Душанбе, Душанбе-Тошканд-Душанбе ва байни шаҳрҳои Тоҷикистону Россия зиёд карда шаванд.

Дар ин самт Агентии авиатсияи гражданӣ бо маъмуриятҳои авиатсияи граждании кишварҳои хориҷи дуру наздик ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, тибқи дархости ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ лоиҳаи ҷадвали парвозҳои мунтазами онҳо тасдиқ гардида истодааст.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj