Ҷамъбасти соли 2017дар ФБД!

Баҳои баланди Вазири нақлиёт ба фаъолияти ФБД дар соли 2017

Вазири нақлиёти Ҷуҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек ба фаъолияти умумии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли сипаришуда баҳои баланд дода, ба Директори генералии фурудгоҳи Душанбе Абдуллозода Исматулло Файзулло барои меҳнати самаранок, ободонии фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе, сохтмони се майдончаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе ва сохтмони се ошёнаи толори ҳайатҳои расмӣ (толори ВИП), таъмири намои биноҳои баландошёна дар кўчаи Аҳмади Дониш, таъмиру тамдиди майдони назди аэровокзал, бинои Президентӣ, роҳи протоколӣ, хатти сунъии парвозу нишаст, роҳравҳои зимомии фурудгоҳ, перрон ва роҳҳои мошингарду техникаҳои махсуси аэродромӣ ва инчунин барои дубора ба кор даровардани заводи асфалтбарорӣ миннатдорӣ баён намуд.

Худоёрзода Худоёр Завқибек, Вазири нақлиёти ҶТ дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2017, ки 8 январи соли 2018 баргузор гардид, дар баробари миннатдорӣ, аз тамоми кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе даъват ба амал овард, ки дар соли ҷорӣ низ камари ҳиммат баста, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ бикӯшанд.

Бояд қайд намоем, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2017 ба 1,3 млн. нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли 2016 - 148,8 ҳазор ё 12,7% зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҷи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар соли 2017 - 2473,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 153,0 тн. ё 6,6 % зиёдтар мебошад.

Миқдори маҳсулоти кишоварзии аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҷи байналмилалии Душанбе қабулшуда дар соли 2017 - 219,9 тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2016 - 100,6 тн. ё 84,2% зиёдтар аст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 5549 рейсҳои доимӣ хизмат расонида шуд, ки назар ба соли 2016 89 рейс ё 1,6 % зиёдтар мебошад. Инчунин оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1191 эрод ворид шуд, ки назар ба соли 2016 – 202 эрод ё 20,4 % зиёдтар мебошад. Аз онҳо 1172 эрод қонеъ гардонида шуд ва 19 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар соли 2017- 1296 ададро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 – 339 парвоз ё 35,4% зиёдтар мебошад. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 904 ҳолат, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 230 ҳолат, номусоидии обу ҳаво – 65 ҳолат, ҷорӣ будани реҷа – 24 ҳолат ва ғайра.

Инчунин, дар доираи нақша чорабиниҳо дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳ зимистони солҳои 2017- 2018 техникаи махсуси аэродромӣ, аз он ҷумла, автотранспортёр, ядакҳои майда, автобусҳои перронӣ, автозина, мошини худрави боркунанда, мошини ёрии таъҷилии тиббии СИКАР-3868, АМБУЛИФТ, АПА, мошинҳои муосири сўхторнишонӣ, автотрапҳо, боркашҳои тасмавӣ, мошинҳои бағоҷкаш, фарштозакунаки Н715-665, электрокарҳо, электротрапҳо, экскаватор, автозинаи махсус барои хизматрасонӣ ба рейсҳои таҳти назорат қарор дошта ва ғайра пурра тайёр карда шуданд.

Дар назди кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вазифа гузошта шуд, ки дар соли 2018 ба масъалаҳои ҳолати тайёрии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба санҷиши навбатии ИКАО дар соли 2018, натиҷаҳои татбиқи барномаи миллии бехатарии авиатсионӣ барои солҳои 2015-2020 дар фурудгоњи Душанбе, роҳҳои кам кардани теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошта шудани парвозҳо ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо дар фурудгоҳи Душанбе диққати ҷиддӣ диҳанд.

Дар анҷоми ҷаласа сардори шӯъбаи кадрҳои ФБД Қаландаров А.Ф. ҳозиринро бо фармоиши Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони фурудгоҳ барои иштироки фаъол дар сохтмони иншоотҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолии фурудгоҳ дар соли 2017 шинос намуда, дар асоси ин фармоиш 15 нафар кормандони ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» бо маблағи 500 сомонӣ ва ифтихорнома мукофотонида шуданд.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj