ФБД: натиҷаҳои назарраси соли 2019

Санаи 9 январи соли ҷорӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” бо иштироки Субҳонзода Икром Субҳон, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 баргузор гашт.

Мавриди зикр аст, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2019 ба 1,422,204 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли гузашта 6,08% ё 81,5 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар соли 2019-2543,0 тн.-ро ташкил дод, яъне назар ба соли 20180,8%ё 20,0 тн. зиёдтар мебошад.

Дар соли 2019 оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани баѓоҷҳо 485 эрод ворид шудааст, яъне назар ба соли 2018 – 64,3% ё 875 эрод камтар. Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар соли 2019952 ададро ташкил дод, яъне назар ба соли 2018 – 22,47% ё 276 парвоз камтар мебошад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки аз 03 то 14 декабри соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз тарафи нозирони Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) санҷиши навбатӣ дар самти “Бехатарии амнияти авиатсионӣ” гузаронида шуд. Санҷиши мазкур нишон дод, ки камбудиҳое, ки дар рафти санҷиши пешинаи соли 2011 дар ҷодаи “Бехатарии амнияти авиатсионӣ” ошкор гардида буданд, аз он ҷумла, тибқи талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии хадамоти амнияти авиатсионӣ, насби раписканҳои муосир барои муоинаи ҷиддии бору баѓоҷи мусофирон дар Терминалҳо, толорҳои ВИП, СИП ва гузаргоҳҳои асосии фурудгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, камераҳои видеоӣ, детекторҳои металҷўӣ, таъмири девори иҳотавии фурудгоҳ, гузоштани чароѓҳои иловагӣ ва ғайра то имрўз пурра бартараф карда шуданд. Ин нукта дар суханронии Субҳонзода Икром Субҳон, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ низ таъкид гардида, мавсуф барои фароҳам овардани шароити лозимаи корӣ дар самти таъмини амнияти бехатарии Фурудгоҳ ва мутобиқат намудани он меъёрҳои лозимаи байналмилалӣ ба раҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва коллективи меҳнатии он арзи сипос намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо Супориши Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ ва бо дастгирии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басомади рейсҳои ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ дар самтҳои Ҷумҳурии Қазоқистон (шаҳрҳои Нурсултан ва Алмаато) ва Федератсияи Россия (шаҳри Санкт Петербург) зиёд карда шуд, аз он ҷумла:Ширкати ҳавопаймоии “Эйр Астана”, шаҳри Алмаато - 1 басомад, СКАТ шаҳри Нурсултан-1 басомад ва “Уралские авиалини”-и шаҳри Санкт Петербург-1 басомад.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 15 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Туркиш эйрлайнз”, “Кам Эйр”, “Хатҳои ҷанубии Хитой”, “Флай Дубай” ва “Вареш Эйрлайнз”), 8 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (“Сибир”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии”-Россия, “Авиатрафик”-Қирғизистон, “Эйр Астана”, СКАТ ва “Северний Ветер” – Қазокистон, “Ӯзбекистон ҳаво Йуллари”) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон ҶДММ «Сомон Эйр» ва ҶСК “Тоҷик Эйр” ба амал оварда мешаванд.

Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 14 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвоз мекунанд.

Барои ободонии гирду атрофи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ва инчунин дар доираи омодагӣ ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди толори Президентӣ, роҳҳои протоколӣ, толори намояндагони расмӣ (толори ВИП), толорҳои тиҷоратӣ (СИП №1 ва №2), Терминалҳои №1 ва №2, ҚТС, гирду атрофи фурудгоҳ 371 бех дарахтони ҳархела, 16,2 ҳазор адад гулҳои садбарг, 21,1 ҳазор адад гули лола (тюлпан) ва 681,3 ҳазор адад гулҳои гуногуни дигар шинонда шуданд. Бинои Президентӣ ва фаввораи назди он, толори СИП-и Терминали №2, майдони назди аэровокзал, деворҳои канори роҳҳои протоколӣ ва гирду атрофи фурудгоҳ таъмиру тармим карда шуданд.

Инчунин, хатти сунъии парвозу нишаст, роҳравҳои зимомии М,F,Е перрони С ва роҳҳои мошингарду техникаҳои махсуси аэродромӣ таъмир гардида, тарқишҳои фарши онҳо дар ҳаҷми 440,0 ҳазор метри мураббаъ бо материали РБВ-25 “Мастика” пур карда шуданд. Дар назди толори Президентӣ, роҳҳои протоколӣсимчӯбҳои нав ва чароғҳои замонавии каммасраф насб карда шуданд. Роҳҳои протоколӣ, хатти сунъии парвозу нишаст, перрони В,Е,С, таваққуфгоҳҳо, роҳравҳои зимомӣ ва роҳи магистралии перрони фурудгоҳ дар масоҳати 85,0 ҳазор метри мураббаъ аломатгузорӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири рӯшноидиҳанда муҷаҳҳазонида шуданд.

Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва ба онҳо дастрас намудани иттилоот оид ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва иншоотҳои фароғатию хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, меҳмонону сайёҳоникишвар дар даромадгоҳи Терминали 2-и фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гӯшаи муосири иттилоотӣ оид ба хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шуд. Гӯшаи мазкур бо таҷҳизотҳои муосир таъмин гардида, айни ҳол босамар фаъолият дорад.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj