ФБД: фаъолияти 9 – моҳа ҷамъбаст гардид

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нӯҳ моҳи соли 2021 ба 613,035 нафар мусофир (дар нӯҳ моҳи соли 2020 – 387,360 нафар) хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58,3% ё 225,6 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар нӯҳ моҳи соли 2021 – 965,8 тоннаро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 152,6% ё 583,4 тонна зиёдтар аст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби терминали боркашонӣ дар давраи ҳисоботӣ дар умум 46 293 кг-ро ташкил намуд.

Дар давраи ҳисоботи оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 69 эрод ворид шуда, аз онҳо 67 эрод қонеъ гардонида шуд.

Бояд таъкид намуд, ки парвозҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 14 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷи дур, 7 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ ва 2 ширкати ватанӣ ба амал оварда мешаванд. Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе айни замон ба 13 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳо сурат мегиранд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj