​ФБД: натиҷаи фаъолияти нимсолаи 1-уми соли 2021

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имсол ба зиёда аз 337 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, беш аз 23 ҳазор мусофир ё 7, 4 фоиз зиёд мебошад. Чунин зикр намуд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода рўзи 27.07.2021 зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар Душанбе.

Мавсуф афзуд, ки миқдори умумии бор ва почтаи қабул ва интиқолгардида дар ин давра тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 535 тоннаро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 153 тонна ё беш аз 40 фоиз зиёд аст. Хатсайрҳои хизматрасонида 1841 ададро ташкил доданд, ки ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида 346 адад зиёд мебошад.

Инчунин имсол дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 59 ҳолати ба таъхир гузоштани парвозҳо ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон зикр гардид, ки дар ин давра даромади фурудгоҳ беш аз 170 миллион сомонӣ ва хароҷот зиёда аз 147 миллион сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб дар маҷмӯъ ба зиёда аз 517 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 ҳазор ё 4,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 337 ҳазор мусофир, Хуҷанд зиёда аз 110 ҳазор, Кӯлоб зиёда аз 56 ҳазор ва ба фурудгоҳи Бохтар беш аз 13 ҳазор мусофир рост меояд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj