Ҷамъбасти семоҳаи аввали фаъолияти ФБД

хабар аз санаи 12-04-2017: ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар семоҳаи аввали соли 2017 ба 287 216 нафар мусофир хизмат расонид, аз он ҷумла, ба 165 915 мусофири рафта ва 121 301 ҳазор мусофири омада.

Дар давраи ҳисоботӣ миқдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурўдгоҳ қабулгардида 594 тоннароташкил дод. Оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоч бошад 239 эрод ворид шуда, аз он 222 қонеъ гардонида шуданд.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Turkish Airlines, Kam Air, China Southern Airlines, Flydubai, Iran Aseman Airlines), 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(Сибир, Ют Эйр, Урал, Авиатрафик - Қирғизистон, Эйр Астана - Қазокистон) ва 2 ширкати миллииҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ меёбанд.

Аз фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, ҶумҳурииҚирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҶумҳурииИсломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкурдар як рўз 12 ададро ташкил медиҳанд.


Маркази матбуоти ҶСК “Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj