Табрикоти ФБД бахшида ба Рўзи Модар

хабар аз санаи 06-03-2017: Мақоми занон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баланд гардид. Занон баробари мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ шуда, дар ин самт ба муваффақиятҳо ноил гардиданд. Таҷлили Рӯзи Модар дар ҷумҳурӣ, эълони Соли оила, касбомӯзии занони хонанишин, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, дастгирии занони соҳибкор, ҷудо намудани квотаҳои президентӣ ба духтарони навоҳии дурдасти кӯҳистон ва қабули барномаҳои давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишвар нисбат ба мақому манзалати зан-модар дарак медиҳад. Имрӯз ҷавондухтарони даврони соҳибистиқлолӣ бояд аз фурсати муносиб самаранок истифода бурда, баҳри ёфтани мақоми худ дар ҷомеа талош варзанд.

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан!

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳодият карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модарғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик - ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.
Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣмекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун донандаи хуби таърихи миллати хеш ба матонати зани тоҷик баҳогузорӣ намудааст: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷикҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо…
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,
Варна чун санги сари аҳром мемондем мо.


Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» айни замон дар баробари мардон беш аз 300 нафар занони соҳибтаҷриба ва соҳибкасб кору фаъолият намуда ҳамарўза саҳми хешро барои рушду нумўи Тоҷикистон мегузоранд. Фаъолияти босамари онҳо ҳамеша зери назари роҳбарияти корхона буда баҳри боз ҳам беҳтару хубтар намудани шароити корӣ ва фароғати занон пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Роҳбарияти ҶСК«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» тамоми Модарон ва Занони кишварро бо Рўзи Модар табрику таҳният намуда ба онҳо осмони софу беғубор, тани сиҳат, рўзгори хушу обод ва комёбиҳо орзуманд аст. Идатон муборак, Модарон ва Занони азиз!

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj