​ФБД ба зимистон омода аст!

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №147 аз 27.03.2018 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019», Фармоиши Директори Агентии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №9 аз 11 апрели соли 2018 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019» Фармоиши Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» №2.11-83 аз 23.04.2018 «Дар бораи тасдиқ кардани Нақшаи чорабиниҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ҳайати ситоди ташкилу иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони (ДТЗ) солҳои 2018 - 2019» ба имзо расида, корҳо тибқи он ба роҳ монда шуданд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои фурудгоҳи Душанбе хадамоту шуъбаҳои фурудгоҳ нақшаҳои инфиродии чорабиниҳои худро бобати омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 омода сохтанд ва раванди татбиқи онҳо давом дорад.

Мувофиқи нақшаҳои инфиродии хадамоту шӯъбаҳои корхона то 01 ноябри соли 2018 корҳои зерин анҷом дода шуданд:

  • гузаронидани машваратҳои дастурдиҳӣметодӣ бо ҳайати шахсии хадамоту шӯъбаҳои ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони (ДТЗ) солҳои 2018–2019;
  • тайёр намудани техникаи махсуси аэродромӣ (автотранспортёр, ядакҳои майда, автобусҳои перронӣ, автозина, грейдер, мошинихудрави боркунанда, ёрии таъҷилии тиббии СИКАР-3868, АМБУЛИФТ, АПА, мошинҳои муосири сўхторнишонӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу нишаст (ХПН) берун кардани ҳавопаймо, автотрапҳо, боркашҳои тасмавӣ, мошинҳои бағоҷкаш, фарштозакунаки Н715-665, электрокарҳо, электротрапҳо экскаватор, автозинаи махсус барои хизматрасонӣ ба рейсҳои таҳти назорат қарордошта ва ғайра);
  • тайёр кардани воситаҳои муоина ва мушоҳидаи видеоӣ (рапискан, сканер, асбобҳои дастии металҷӯӣ, камераҳо ва ғайра).
  • омодасозии ҳамаи воситаҳои нақлиёт ба кор дар давраи тирамоҳу зимистон;
  • омодасозии биноҳои фурудгоҳ, толорҳои CIP, интизорӣ, омодагӣ ба парвоз ва ҷамъоии мусофирон баъди парвоз ба кор дар давраи тирамоҳу зимистон;
  • азназаргузарониҳои ғайринавбатии хатҳои баландшиддат (ХБ), хатҳои кабелӣ (ХК); таҳлили реҷаи кори дастгоҳҳои барқӣ;
  • тадбирҳои пешгирикунандаи ҳодисаҳои вайроншавии зеристгоҳҳои трансформаторӣ;
  • муоинаҳои техникии (МТ) генераторҳои ОДГ, СТОП, МСМ;
  • муоинаҳои техникии ССООВИ-1, санҷиши муқовимати ҳалқаҳои кабелӣ, хизматрасонии техникии фурӯзонакҳои ССООВИ-1;
  • санҷиши муқовимати контурҳои пайванди заминӣ дар объектҳои фурудгоҳи Душанбе;
  • ҳамвор кардани чуқуриҳои қисми болоии ХСПФ (хатти сунъии парвозу фурудоӣ) аэродром бо композитсияи битумӣ - полимерии «Гранит»;
  • қисман нав кардани нишонаҳои фарши аэродроми ХСПФ, РЗ (роҳравҳои зимомӣ), ҚҲароргоҳи ҳавопаймоҳо);
  • чорабиниҳо оид ба кам кардани ҳодисаҳои ҷамъшавии паррандаҳо дар фазои аэродром: даравидани алафҳои тару хушк дар майдони ҳавоӣ;
  • тоза кардани иншооти обпартоӣдренажии аэродром;
  • санҷиши радиостанцияҳо дар фурудгоҳи Душанбе;

- муоинаи профилактикии биноҳо ва иншоотҳои фурудгоҳи Душанбе;

- таъмири иншооту деворҳои иҳотакунандаи фурудгоҳи Душанбе (доимӣ);

- таъмири нассосҳои обкашӣ ва мазутӣ;

- тоза кардани бойлерҳои об гармкунанда;

- таъмири шабакаҳо ва таҷҳизоти электрикии дегхона, сехи харротӣ;

- гузаронидани шанбегиҳо дар корхонаафтае - 1 маротиба).

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj