Фурудгоҳи Душанбе: рушд, такомул ва дастовардҳо

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баъди барҳам хўрдани КВД «Тоҷик Эйр» дар соли 2009 ҳамчун муассисаи алоҳидаи авиатсионӣ арзи вуҷуд намуд. Мавриди тақсимоти моликияти умумии КВД «Тоҷик Эйр» ба фурудгоҳи навтаъсис бинову иншоотҳои куҳна ва парки автомобилҳои фарсудаву аксаран аз кор баромада мерос монд, ки ба талаботи имрўза ҷавобгў набуданд. Роҳбарияти фурудгоҳро зарур омад, ки ҷиҳати ба фурудгоҳи байналмилалии муосир ва ба талабот ҷавобгў табдил додани он саъю кўшиши зиёд ба харҷ диҳад. Дар зарфи 8-соли минбаъда беш аз 90 фоизи парки автомобилии фурудгоҳ нав карда шуд. Бо кўмаки хизматчиёни ҳарбии Фаронса, ки тибқи қарордоди байнидавлатӣ дар ҳудуди фурудгоҳ ҷойгир буданд, перрони фурудгоҳ (таваққуфгоҳҳои ҳавопаймоҳо) пурра таъмир гардида, роҳрави нави зимомӣ сохта шуд. Роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе – «дарвозаҳои осмонии Душанбе»-ро имрўз Исматулло Абдуллозода бар ўҳда дорад.

Соли 2012 бо тақозои Ташкилоти байналмилалии авиатсионии ИКАО перомуни фурудгоҳ пурра деворбандӣ гардида, бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ муҷаҳҳазонида шуд. Дар тўли солҳои 2013-2014 терминали нави мусофиркашонӣ бо иқтидори 500 мусофир/соат сохта, ба истифода дода шуд. Дар соли 2016 таъмири асосии толорҳои СИП ва ВИП ба амал оварда шуда, майдонҳои назди терминалҳои наву куҳна қисман бозсозӣ карда шуданд. Барои анҷом додани корҳои зикршуда аз ҷониби ҶСК «ФБД» маблағи ҳангуфт-беш аз 80 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ гардид.

Терминали боркашонӣ – бемисл дар Осиёи Марказӣ

Дастоварди дигари фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғози сохтмони терминали боркашонии замонавӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония «JICA» оид ба беҳдошти инфрасохтори фурудгоҳи байналмилали Душанбе созишномаи грантӣ баста шуд. Тибқи созишномаи мазкур Ҳукумати Япония барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳои терминали боркашонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гранти бебозгашт ҷудо намуд.

Сохтмони терминали боркашонӣ, таҷдиди инфраструктураи фурудгоҳи Душанбе ва амалисозии дигар вазифаҳои стратегии ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» ба рушди тамоми иқтисодиёти кишвар таъсири калон мебахшад. Татбиқи лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти ҷумҳурӣ бештар шуда, лоиҳаҳои азими минтақавии автомобилӣ ва роҳи оҳан дастгирӣ карда шаванд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд, рушди инфрасохтори нақлиёт, бизнеси хурду миёна таъмин гардида, ҳиссаи ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоӣ дар бозори ҷаҳонӣ зиёд карда шавад. Лоиҳаи ин терминал дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бемисл аст.

Шароити корӣ фароҳам аст!

Роҳбарияти фурудгоҳ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои рўизаминии ҳавопаймоҳо ба мустаҳкам кардани заминаи моддӣ – техникии муассиса диққати доимӣ медиҳад. Дар давраи охир 1 қатор мошину механизмҳои махсуси аэродромӣ харидорӣ шуда, дар истеҳсолот истифода мешаванд, аз љумла: мошинҳои аз барфу ях тозакунии ҳавопаймоҳо - F-90 SI ва F-2000, автозинаҳои махсус, мошинҳои чангкашаки аэродромӣ, автотранспортёрҳо, ядакҳо, таҷҳизоти сайёри қуввадиҳанда, УМП (мошини универсалии гармкунанда), автобусҳои перронӣ, грейдерҳо, мошинҳои худрави боркунанда, экскаватору электрокарҳо, мошинҳои фаршшўии Н715-665, мошини ёрии таъҷилии тиббии форд «СИКАР-3868», АМБУЛИФТ (лифти амбулаторӣ барои хизматрасонӣ ба маъюбон), мошинҳои муосири сўхторнишонӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу нишаст берун кардани ҳавопаймо ва ғайра.

Айни замон системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, ба кор дароварда шуданд.

Хизматрасонии воло ба мусофир-вазифаи аввалиндараҷа

Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба мусофирон низ дар сархати фаъолияти роҳбарияти фурудгоҳ қарор гирифтааст, зеро аз сатҳу сифати хизматрасониҳо мақому мартабаи фурудгоҳ ва имиджи байналмилалии он сахт вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад толорҳои умумӣ, толори тиҷоратии Терминали 2, майдони назди аэровокзал таъмиру тармим гардида, таваққуфгоҳҳои нави нақлиётӣ сохта шуданд, бинои аэровокзал бо таҷҳизоти нави ҳозиразамон (рапискан, сканер, камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, кондитсионерҳо ва ғ.) муҷаҳҳазонида шуд, инчунин дар бинои Терминали 2 ошхонаи нави замонавӣ ва дар Терминали 1 толори СИП ба истифода дода шуданд. Таваққуфгоҳҳои нав аломатгузорӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири рўшноидиҳанда муҷаҳҳазонида шуданд. Толорҳо инчунин бо шабакаи интернетии бесими WIFI таъмин карда шудаанд, ки ба мусофирону меҳмонони пойтахт ҷиҳати дастрасии ройгон ба маълумоти зарурӣ имконият медиҳад.

Инфрасохтор тағийр хоҳад ёфт

Ҳамчунин дар асоси супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ Стратегияи дарозмуҳлати рушди муассиса барои солҳои 2017-2022 таҳия ва қабул гардидааст, ки аз ҷумла иҷрои вазифаҳои зеринро дар назар дорад: таъмиру таҷдиди хати парвозу нишасти фурудгоҳ, навсозӣ ва такмили парки автомобилӣ, ки харидории нақлиёту таҷҳизоти нави махсусро дар назар дорад, саҳмгузорӣ дар сохтмони терминали боркашонӣ, рушди инфрасохторҳои назди фурудгоӣ (сохтмони меҳмонхонаи фурудгоҳ ва маҷмааи таваққуфгоҳи автомобилии 3-ошёнаи пўшида). Инчунин, таъмиру таҷдиди объектҳои мавҷудаи авиатсионии маҷмааи аэродром, аз он ҷумла, перрон, хати парвозу нишаст, роҳравҳои зимомӣ, таъмиру таҷдиди объектҳои мавҷудаи авиатсионии маҷмааи фурудгоҳ, аз он ҷумла, «Терминали амалкунандаи мусофиркашии №2», майдони назди вокзал, таъмиру таҷдиди таҷҳизоти радиотехникӣ, сохтмони хатти дуюми сунъии парвозу нишаст.

Аз Душанбе то Истанбулу Дубай ва Франкфурт

Айни ҳол парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур, 6 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷик «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд. Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд.

Роҳбарияти фурудгоҳ пайваста кўшиш мекунад, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои рўизаминӣ дар муассисаи авиатсионӣ беҳтар гардида, он дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок намояд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj