Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар суратгузориш

Аз омадани фасли баҳори нозанин як моҳ гузашт. Дар ин муддат талу теппа ва дашту дамани Тоҷикистон гулпӯшу майсазор гардидааст.

Бо омадани арӯси сол — баҳор табиати зебои Тоҷикистон, махсусан пойтахти он — шаҳри Душанбе боз ҳам назаррабо гардида, сайру гашт дар чаманзори он ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад.

Корхона ва ниҳодҳои давлатӣ баҳри зебо гардонидани симои пойтахти азиз — шаҳри Душанбе пайваста ба корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки симои аслӣ ва дарвоза барои пешвози меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аст, аз зумраи он ниҳодҳо мебошад, ки имрӯзҳо саропо гулпӯшу назаррабо гардидааст.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло суратгузориши навбатии АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таҳия карда шуд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj