​Мароми мо-ободкорӣ!

Ободкориву созандагӣ мароми ҳар як хадамоту шӯъбаҳои ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” буда, кормадони ҷамъият баҳри ободу зебо гардидани на танҳо бинои Фурудгоҳ, балки тамоми роҳҳои пиёдагарду гулгаштҳои гирду атрофи майдони ҳавоӣ ҳамарӯза саъю талош намуда, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Аз оғози соли ҷорӣ то ба имрӯз аз ҷониби Хадамоти аэровокзал ва сабзкории ФБД дар доираи анҷом додани амалҳои ободонӣ ва сабзкорӣ 1 қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, барои ободонии гирду атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар доираи омодагӣ ба пешвоз ва гусели меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз, дар майдони назди толори Президентӣ, толорҳои тиҷоратӣ (СИП), роҳи протоколӣ, Терминали №1 ва №2 ва гирду атрофи фурудгоҳ 30 000 адад гулҳои мавсимии яксола, 9000 адад гули тагетс, 200 адад гули геран, 5500 адад гули виола, 12500 адад гули петуня, 4000 адад гули лола, 7000 адад гули хризантема, 33475 адад гули садбарги тошкандӣ, 1000 адад гули салвия, 1500 адад гули синерарияи баҳрӣ, 145 адад дарахти сӯзанбарг, 2 адад дарахти фикус, 4 адад дарахти бенҷамин, 2 адад дарахти садбарги хитоӣ, 4 адад дарахти кипарис, 12 адад дарахти кастона ва 260 адад дарахтони гуногуни мевадиҳанда шинонида шуданд.

Инчунин, аз тарафи кормандони Хадамоти мазкур дар ин муддат дастурҳо оид ба шустани нақшунигор, тирезаҳо, гумбаз, рўбучини саросарии (пурраи) бино ва ҳудуд, тадбирҳои эҳтиётии (профилактика) кондисионерҳо, таъвизи онҳо ба давраи тобистон ва рўбучини гирду атрофии бино, роҳи протоколӣ, ҳамвор кардани замин вабарои гулшинонӣ тайёр кардани он, гулкорӣ намудани атрофи бино, дар шафати роҳи протоколӣ кишти чаманзоргузаронида шуда, ин супоришҳо дар сари вақт иҷро гардидаанд.

Ба ғайр аз ин, ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронида шуда, харакҳо сари вақт иваз ва рангубор гашта, тадбирҳои эҳтиётии воситаҳои ҳавотозакунӣ, (вентиляция) ва кондисионерҳо, шустани нақшу нигор, навоҳо ва тирезаҳо, иваз кардани сақф ва шишаҳои кафида – шикаста, буридани шохи дарахтон ва навдаҳои гулу буттаҳо,ҳамвор кардани замини назди анбори тиҷоратӣ барои гулшинонӣ, ҳамвор намудани ҳудуди бино дар вақти муайаншуда анҷом ёфтааст.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj