​То 20 000 тонна – иқтидори солонаи таҳвили молу маҳсулот

25.06.2018 дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги логистикӣ дар Осиёи Марказӣ-Терминали боркашонии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ботантана ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи Терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода, масъулини дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат, президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» Шиничи Китаока, роҳбарият ва намояндагони вазорати нақлиёт ва дигар вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, ФБД, сафорати Япония дар ҶТ, меҳмонон-мутахассисони ширкатҳои японӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Қоҳир Расулзода зимни суханронии хеш аз номи Ҳукумати ҶТ ба Ҳукумати Япония, хосса, ба роҳбарияти JICA барои бунёди Терминали боркашонӣ дар ФБД арзи сипос намуд. Бо дахли ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Япония сарвазири кишвар афзуд, ки Япония дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, яке аз шарикони иқтисодии кишварамон маҳсуб меёбад. Дар ин росто, сарвазири ҷумҳурӣ ба сатҳи ҳамкории иқтисодии 2 кишвар баҳои баланд дода, татбиқи лоиҳаи «Беҳтар кардани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро, ки дар доираи он Терминали боркашонии ФБД бунёд шуда, ба истифода дода шуд, самараи неки ҳамкории иқтисодиии Тоҷикистону Япония маънидод кард.

Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти фурудгоҳ хабар доданд, корҳои сохтмонии Терминали боркашонии ФБД моҳи феврали с.2017 оғоз шуда, дар он 120 нафар мутахассисони маҳаллӣ ва японӣ фаъолият карданд. Лоиҳаи иншооти мазкур дар 2 марҳила татбиқ карда шуд. Соли 2014 байни Ҳукумати ҶТ ва JICA Созишномаи грантӣ ба имзо расид, ки тибқи он Ҳукумати Япония барои сохтмони Терминали боркашонӣ дар ФБД беш аз 1,9 миллиард йен ё 17,5 млн доллар ҷудо намуд. Дар маҷмӯъ, иншооти мазкур бо ҷалби сармояи японӣ ба маблағи беш аз 17 миллион доллар бунёд карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бунёди Терминали наву муосири боркашонӣ дар ФБД ба таҳкими пойгоҳи моддию техникии ФБД, баланд бардоштани иқтидори боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ба бозори дохилӣ ҷалб кардани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор, афзоиш ёфтани ҳаҷми содиротимаҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дар маҷмӯъ, барои бунёди шабакаи хатсайрҳои транзитӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе заминаи мусоид фароҳам меорад.

Лозим ба ёдоварист, ки Терминали боркашонии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз бузургтарин маркази логистикӣ буда, иқтидори солонаи боркашонии он ба таҳвили 20.000 тонна молу маҳсулот баробар аст. Терминали боркашонии ФБД дар масоҳати 3,7 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, он аз 2 қисмат-анбор ва ҳуҷраҳои корӣ иборат буда, бо техникаю таҷҳизоти муосири сардкунанада ва барои нигоҳ доштани маҳсулот мувофиқ ҷиҳозонида шудааст. Бо бунёд ва ба истифода додани Терминали боркашонии ФБД ҳудуди беш аз 70 тан шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj