Варақаи иттилоотӣ

Кушодашавии терминали нави фурудгоҳи Душанбе тӯҳфаест ба мардуми шарифи Тоҷикистон бахшида ба 90 солагии авиатсияи граждании Тоҷикистон.

Аз таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон: -Авиатсияи граждании Тоҷикистон 90 сола шуд. 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои Ю-13 дар ҳайати Пётр Комаров ва Рашидбек Ахриев аз Бухоро ба Душанбе омад. Авиатсияи граждании Тоҷикистон тули навад соли фаъолият аз ҳавопаймоҳои якмуҳаррика ва фурудгоҳҳои оддӣ то ба ҳавопаймоҳои замонавӣ ва фурудгоҳҳои муҷаҳҳаз расид. Имрӯз фурудгоҳи Душанбе бо системаҳои навтарини навигатсионӣ, алоқаи радиоӣ, ситемаҳои нишасту парвоз, хати нишасту павози мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ, роҳравҳои зимомӣ, тавақуфгоҳҳои муҷаҳҳаз, техника, механизм ва таҷҳизоти хизматрасони рӯизаминӣ таъмин мебошад.

Имрӯзи фурудгоҳи Душанбе: -Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамарӯза (сола) ҳавопаймоҳои калонҳаҷми А-310, Б-737, Б-767, Ил-62, Ил-76, Ту-154, Boeing 757, Airbus A320, Ан-120 «Руслан», Ан-225 «Мрия», ҳавопаймоҳои сабук ва чархболҳои тамоми тамғаҳоро қабул ва гусел менамояд. Имконияти техникӣ ва тахассусии фурудгоҳи Душанбе нисбат ба солҳои пеш ба маротиб боло рафтааст. Танҳо соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ 75 % парки техникӣ нав карда шуда дар ихтиёри худ техникаҳои нодир аз қабили механизмҳои борбардори «Хайлодер», мошини ёрии таъҷилии «Реамобил», мошини хизматрасони махсуси «Амбулифт», таҷҳизоти махсуси хизматрасон, мошинҳои пуриқтидори барфрӯб, шуянда ва рубанда, мошинҳои маҳлулпош, мошинҳои сӯхторнишони тамғаҳои гуногун, техникаи наҷотдиҳӣ ва кофтуковиро дорад.

Дар баробари пешрафти соҳаи ҳавопаймоӣ ва навгониҳои техникӣ адади мусофирон низ ҳамасола зиёд мегардад. Терминали амалкунандаи фурудгоҳи Душанбе имконияти хизматрасонии 100 мусофир соатро доро буда, дар баъзе ҳолатҳо барои қонеъ гардонидани талаботи мусофирон мушкилӣ пеш меомад. Соли 2013 дар маҷмӯъ ба 1 млн 228 ҳазору 869 нафар мусофир хизмат расонида шудааст. Ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон тасмим гирифта шуд, ки терминали нави замонавӣ бунёд карда шавад.

Оид ба Терминали нави фурудгоҳи Душанбе: -Дар асоси қарордод миёни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса байни ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати фаронсавии «Винчи Констраншин Гранд Проҷекст - VINCI» аз 27 апрели соли 2012 оид ба сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи Душанбе шартнома ба имзо расид. Аз 28 ноябри соли 2012 ширкати фаронсавии «Винчи Констраншин Гранд Проҷекст-VINCI» корҳои сохтмониро оғоз кард.

Маросими расмии гузоштани санги аввал 19.03.2013 баргузор гардид. Дар баргузории маросими мазкур Сафири Кабири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Дидье Леруа намояндагони корпусҳои дипломатӣ, сафирони кишварҳои Арабӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, кишварҳои Россия, Белорус, Туркманистону Қазоқистон роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ, рӯзноманигорони расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.

Маблағи умумии сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи Душанбе мутобиқи шартнома 39 миллион Евроро ташкил кард, ки аз ин маблағ пардохти 19 миллион евро ба зиммаи ҶСК «Фурӯдгоҳи байцналмилалии Душанбе» вогузор шуд.

Ба корҳои сохтмонӣ 187 нафар коргарон, аз ҷумла 108 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.

Шиносномаи терминали нави фурудгоҳи Душанбе:

-терминали нави фурудгоҳи Душанбе аз ду ошёна иборат мебошад;

-масоҳати умумии бино 11 000 м2;

-имконияти хизматрасонӣ 500 мусофир дар як соат;

-тачҳизоти нави замонавии муоинаи мусофирон, бор ва системаи бақайдгирӣ васл карда шудааст. Муоинаи бағоҷ чаҳорзинавӣ буда дастгоҳҳои пуриқтидори «Рапискан» насб шудаанд;

-бино дорои ду зинапояи телескопӣ буда, имкон дорад дар як вақт ба чор ҳавопаймо хизмат расонад;

-бино дорои 2 эскалатор, 5 адад лифт, 3 адад тасмаи даврзананда барои қабули бағоҷ мебошад;

-нуктаҳои бақайдгирии мусофирон 18 адад-16 адад умумӣ ва 2 адад барои толори СИП пешбинӣ шудааст;

-ба терминал дараҷаи «С» аз рӯи нишондоди сифати хизматрасонӣ мутобиқи дараҷаи IATA дода шудааст;

-адади солонаи интиқоли мусофирон 1 млн 200 нафар дар назар аст;

-терминали нав (рақами) Т-1 номгузорӣ шудааст.

Баробари ба истифода додани терминали нав дар назар аст сатҳи хизматрасонӣ баланд шуда, сифати хизматрасонӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар гардад. Таъмини бехатарии парвозҳо ва мусофирон боло рафта имконияти бемаҳдуди истифодаи хизматрасониҳо ба мусофирон фароҳам оварда мешавад. Фурудгоҳи Душанбе барои кор дар терминали нав мутахассисонро омода сохтааст. Давоми сол коргарони фурудгоҳ аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда нозукиҳои касб ва истифодаи таҷҳизот ва техникаҳои мавҷударо азбар карданд.

Маркази матбуоти ҶСК «ФБД» М. Шодиев

Тел. (47) 449-44-75

Моб. 90-500-99-20

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj