​Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президент дар фурудгоҳи Душанбе


Имрўз, 22 декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гашта истодааст. Дар ҷаласаи чоруми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ироа мегардад.

Дар қатори саросари мардуми ҷумҳурӣ, коллективи меҳнатии ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» низ барои шунидани Паёми Сарвари муаззами хеш ҷамъ омадаанд, зеро ҳамагон дарк мекунанд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихиро доро буда, самтҳои рушду инкишофи тамоми соҳаҳои мамлакатро барои соли нави 2018 ва ояндаи наздик муайан мекунад.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе»


ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj